Лиссабон: Баррасии масоили об дар мулоқоти мансабдорони тоҷик бо Лю Женмин

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин мулоқот намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти ҷонибҳо дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус дар Лисcабон сурат гирифт.

— Зимни мулоқот натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи обро, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, баррасӣ намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *