Тимур Зулфиқоров аз мо нест? Чаро Иттифоқи нависандагон ӯро табрик намекунад?

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 85 — солагии нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Тимур Зулфиқоровро таҷлил намекунад ва ӯро бо мавлудаш табрик намегӯяд, зеро ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нест.

Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат ба хабаргузории Asia-Plus гуфтааст, ки барои таҷлили 85 — солагии нависанда Тимур Зулфиқоров дар Тоҷикистон тадбире андешида нашудааст ва ин ниҳод адибро расман табрик намекунад, зеро ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нест.
5 сол пеш, дар арафаи 80 солагии нависанда низ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чунин вокуниш карда буд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 17 август нависанда Тимур Зулфиқоров 85 — сола мешавад.

ЗИНДАГИНОМАИ ТИМУР ЗУЛФИҚОРОВ

Тимур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Қосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав будааст, ки соли 1937 ҳадафи тири “тройка” қарор мегирад. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Владимировна Успенская, аз муҳаққиқони муваффақи шевашиносӣ дар Тоҷикистон буд, ки гӯишҳои ҳисориро мавриди пажуҳиш қарор дода, ҳамзамон яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ” буд. Ӯ аввал дар Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкии шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.

Аввалин асаре, ки худи Зулфиқоров аз он зиёд ёд мекунад ва қадамаш ба адабиётро низ аз он медонад, “Достони марги Амир Темур” буд, ки соли 1971 интишор ёфт. Ва баъди он тадриҷан повесту романҳо ва қиссаҳояш яке паси дигар рӯйи чопро диданд ва имрӯз ин нависандаи маъруф соҳиби 20 китоби назму наср аст, ки дар солҳои гуногун ба теъдоди бештар аз 1 миллиард нусха ба беш аз 12 забони олам нашр шудааст.

Бахусус, романҳояш дар бораи Хоҷа Насриддин, Амир Темур, Умари Хайём, Иван Грозний ва достони мондагораш “Сафари заминӣ ва осмонии шоир” миёни ҳаводорони каломаш маъруфият пайдо кардаанд. Соли 1993 ин асар беҳтарин романи Аврупо дониста шуд ва сазовори ҷоизаи британиёии “Коллетс” шуд.

Баъди соли 2000 Темур Зулфиқоров ду маротиба ба ҷоизаи адабии Нобел пешниҳод кардаанд, вале пазуруфта нашуд. Темур Зулфиқоров барандаи чандин ҷоизаи дигари адабист. Аз ҷумла барои “Барҷастатарин осори адабии рус” соли 2004 романи машҳураш “Масали тилоии Хоҷа Насриддин” сазовори ҷоизаи “Ясная Поляна” шуда буд. Соли 2005 романи “Коралловая Эфа”-и ӯ “Беҳтарин китоби соли 2005” дониста шуд. Соли 2008 сазовори ҷоизаи Антон Делвиг, соли 1991 барои беҳтарин сенария дар Ҳоливуд ҷоизаи «Хартли-Мерилл»-ро соҳиб шуд. Соли 2011 романи “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад (с)” дар озмуни умумирусиягии “Пайғамбар Муҳаммад (с)-раҳмат барои оламиён” ғолиб дониста шуд.

Тимур инчунин барандаи ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» — 2019 ва 2020 дар бахши фарҳангу санъат шуд, ки ҷоиза аз диплом, нишони рамзӣ ва 2 миллион рубл иборат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *