Ӯ аз тарси Толибон тарки ватан кард
Ориёна Саид, ситораи машҳури афғонистонӣ пас аз ба сари қудрат омадани гурӯҳи тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) тарки ватан кард.
Овозхон аввал ба Қатар фирор карда, баъдан ба Туркия парвоз доштааст.
«Ман зинда ва саломатам. Пас аз як-ду шаби фаромӯшнашаванда, ман билохир дар Доҳа ҳастам ва хатсайри Истамбулро интизорам», — навиштааст шоми панҷшанбе, 19 август Ориёна дар саҳифааш дар Инстаграм.
Овозхон афзудааст, ки ҳангоми ба хона расидан ҳамаи он воқеаҳоеро, ки шоҳид гашт, ба ҳамвандонаш нақл мекунад. Дертар овозхон хабар додааст, ки ба Туркия расид.
Ориёна Саид аз чеҳраҳои маъруфи телевизион дар Афғонистон аст. Ӯ муҷрии барнома ва ҳакамони бахши авғонии шоу-барномаи «Голос» буд. Овозхон дар консерту ҷашнвораҳои дохиливу хориҷӣ фаъолона иштирок мекард. Шумораи ҳамвандони Ориёна дар Инстаграм беш аз миллион нафар мебошад.
Овозхон тариқи ҳавопаймои боркашони ИМА, ки пас аз гирифтани ҳукумат аз ҷониби толибон яке аз нахустинҳо шуда, аз Кобул парвоз кард, худро ба Қатар расонидааст.
Пештар коргардони ширкати давлатии «Афғонфилм» Саҳро Каримӣ низ тарки Афғонистон карда буд. Ба қавли ӯ, Толибон ба вай барои риоя накардани аҳкоми шариат таҳдид мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ