«Евровидение – 2021». Чаро ширкати тоҷикдухтар мавзӯи рақами як ва баҳси сиёсӣ шуд?

Россияро соли равон дар Евровидение – 2021 сароянда Манижа, ки зодаи Тоҷикистон аст, намояндагӣ мекунад. Ғолибияти тоҷикдухтар дар озмунии онлайнии россиягӣ, сарусадои зиёдеро ба бор овард ва кишварро ба ду сангар ҷудо кард: қисме тарафдоранд ва қисме нигаронанд, чаро Россияро тоҷик дар озмуни ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.

Евровидение – 2021

Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқӣ хоҳад буд, ки соли равон дар Роттердам, дуюмин шаҳри сераҳолии Нидерландия пас аз Амстердам баргузор мешавад.

Нидерландҳо пас аз пирӯзии сароянда Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар “Евровидение – 2019” дар Нидерландия имкони баргузории мусобиқаи мусиқиро ба даст оварданд. Бо сабаби пандемияи коронавирус, “Евровидение – 2020” баргузор нашуд.

Дар “Евровидение – 2021” тақрибан 40 кишвар ширкат мекунанд.  Россияро дар “Евровидение – 2021” овозхон Манижа Сангин духтари тоҷики муқими Маскав бо суруди Russian Woman муаррифӣ мекунад.

Соли 2019 Евровидение дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд. Россияро дар “Евровидение 2019” овозхони маъруф Сергей Лазарев муаррифӣ кард. Вай бо композитсияи «Фарёд» баромад кард. Лазарев ҷои сеюмро гирифт.

Дар соли 2020, дар Евровидение, мебоист Россияро гурӯҳи Little Big бо суруди UNO муаррифӣ мекард. Гарчанде, порсол озмун баргузор нагашт, суруди Little Big дар Youtube-канали расмии Евровидение сербинандатарин намоҳанг дар таърихи озмун буд.

Интихоби тамошобин

Соли равон роҳхат ба Евровидение дар натиҷаи як намоиши махсуси идона тариқи Шабакаи аввали телевизиони Россия эълон карда шуд. Намоиш мустақим баргузор шуда, овоздиҳӣ низ онлайн сурат гирифт. 

Довталабон аз Россия Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба “Евровидение-2021” гардид.  

Манижа Сангин Россияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард. Феълан намоҳанги овозхон Манижа ба сегонаи видеоҳои пуртамошобинтарин дар шабакаи Eurovision Song Contest 2021 дар YouTube аст ва наздики 4 миллион нафар онро тамошо кардаанд.

Бо вуҷуди он ки аксарият ҷонибдори ширкати Манижа ҳастанд, вале хейтерҳо бошиддат ба муқобили ӯ баромад мекунанд. Онҳо рӯйрост менависанд, ки “Чаро як тоҷик Россияро намояндагӣ мекунад?” ва ба унвони сароянда таҳқиру дашном низ мефиристанд.

Кам нестанд, сиёсатмадорон ва коршиносони мусиқӣ, ки муқобили Манижа баромад карданд. Вале аксарият ӯро тарафдорӣ мекунанд.

Манижа дар суҳбат бо Ксения Собчак гуфт:

“Ман шамоли форам нестам, ки ба ҳама маъқул шавам, бинобар ин интиқоди мардумро низ мепазирам”, вале сароянда аз таҳқири миллатгароён изҳори нигаронӣ кард.

 Манижа кист?

Манижа Сангин соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст. Оилаи онҳо соли 1994 аз сабаби нооромиҳо дар кишвар ба Россия мекӯчад.

Манижа дар бораи оилаи худ мегӯяд:

«Модаркалони ман дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, фаранҷиро бадар кард ва гуфт, ки кор мекунам. Бобоям нависанда ва рӯзноманигор Тоҷӣ Усмон ҳастанд, ки барои рушди фарҳанги тоҷик хизмати зиёде анҷом додааст. Он кас осори шоираҳои тоҷикро ҷамъоварӣ ва нашр кардаанд. Падарам духтур ва модарам се маълумоти олӣ гирифтанд. Ба ҳайси омӯзгор, тарроҳ, ташкилкунандаи фестивалҳои ҷавонон кор кардаанд”.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шуҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт, қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ «Не до славянка»-ро пешкаши мухлисон кард, ки аз ҷониби мухлисон ба хубӣ пазируфта шуд.

Манижа Сангин пайваста ба корҳои хайриявию ҷамъиятӣ машғул аст, нахустин сафири СММ аз Россия оид ба гурезагон мебошад.

Тарафдорон ва мухолифон 

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Россия:

“Ман муқобили иштироки Манижа аз номи Россия дар “Евровидение-2021” ҳастам. Кӣ ӯро интихоб кардааст? Фикр намекунам, ки суруди пешниҳодкардаи  ӯ, барои баланд бардоштани мартабаи зани рус мувофиқ бошад. «Сын без отца, дочь без отца» (писар ва духтари бепадар). Тарона бояд табъи инсонро болида гардонад. Ба кӣ чунин тарона лозим аст?.”

Давлат Худоназаров:режиссёр, сиёсатмадор:

“Ман ҳамчун як тоҷик аз ғолибияти Манижа ифтихор мекунам. Аммо сурудҳои ӯро нашунидаам. Ҳамчун шаҳрванди Россия ифтихор мекунам, ки ҳамватани ман аз ҷониби русҳо эътироф шудааст. Бо вуҷуди он ки ба чунин озмунҳо шавқ надорам, аммо барои Манижа мухлисӣ хоҳам кард”.

Филип Киркоров, Ҳунарманди мардумии Россия:

“Ман ба ҳунарманди хеле боистеъдод Манижа муваффақият мехоҳем. Манижа, ин барои ту хело имконияти бузург аст. То дидор дар Роттердам.»

Сергей Соседов,мунаққиди мусиқӣ:

“Ман ба ғалабаи Манижа бовар надорам ва фикр мекунам, ки интихоби ӯ ғалат буд. Ҳунарнамоии ӯ пирӯзиовар нест. Таҳияи саҳнааш заиф аст, чун танзимаш. Ҳамчунин, пешниҳоди тарона камбудӣ дорад. Назар ба Манижа доваталабони соли гузаштаи Little Big беҳтар буд.”

Екатирина Варнава, ҳунарманди рус:

“Муносибати баъзе ҳамватанонамро нисбати ғолибияти Манижа дида шармам меояд. Хейтерҳо ҳама фишангҳоро истифода мекунанд, ки ин сарояндаи воқеан, боистеъдодро сиёҳ кунанд. Айбам меояд, ки ба хотири тоҷик буданаш муқобили ӯ ҳарф мезананд. Ман ба Манижа комёбӣ мехоҳам.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *