Ногуфтаҳои Лоиқ аз забони Афзалшоҳ Шодиев
Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, роҳбари ансамбли давлатии “Сомон”, бахшида ба 80-солагии устод Лоиқ Шералӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар шаҳру навоҳии кишвар барномаҳои консертӣ баргузор карда истодааст.
Афзалшоҳ Шодиев, чанд рӯз пеш, дар меҳмонии pressa.tj буд ва хотираҳояшро дар бораи устод Лоиқ Шералӣ гуфт ва дар мавриди консертҳояш суҳбат кард.
80 ғазал дар 80-солагии устод
— Ният кардам, ки як китоб бо номи “80 ғазали Лоиқ” чоп кунам. – суҳбаташро оғоз кард, Афзалшоњ Шодиев. “Куллиёт”- ро варақ зада, як-як шеърҳоро хонда, ишора монда рафтам. Охирон шеърро нуқта гузоштаму хостам як бор ҳисоб кунам. Сахт ҳайратзада шуда будам, чун расо 80 шеърро интихоб карда будам. Ашк рехтам. Ҳамчунин, ҳамин сол бо маслиҳати ман китоби “Фарёди бефарёдрас” — и устод ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ чоп шуд, — гуфт, устод Афзалшоњ Шодиев.
Дар идомаи ин суҳбат Ҳунарманди халқии Тоҷикистон чанд хотироташро дар бораи устод нақл кард.
Хотираи аввал: Ҷавонӣ рафт
Ман писархонди устод Лоиқ будам. Якҷоя бисёр рӯзҳоро паси сар кардем. Ҳатто шабҳо бо ҳам будем. Баъзан вақт, агар шаб шеър эҷод мекарданд, ман ҳамон шаб онро оҳанг мебастам. Гоҳо устод оҳанги маро қабул намекарданд. Рӯйрост мегуфтанд, ки “Не! Ин намешавад!”. Устод як гап доштанд. “Не!” гӯянд, баҳс намекардем. Вақте ки шеъри “Ҷавони рафт”- ро оҳанг бастам, устод Лоиқ Шералӣ гуфтанд, ки “Ин шеърро ҳама мехонад” ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Чанд шеъре, ки мардум хуб қабул карданд: “Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ”, “Бе дарди дил касест, ки дилбар надоштаст”, “Чӣ хабар, чӣ чангу даъво ту напурсу ман нагӯям”, “Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест”, “Сино расид бар сарам, дардам даво нашуд”, ба худи устод Лоиқ Шералӣ низ писанд буданд. Табъи мусиқифаҳмии устод хеле баланд буд.
Хотираи дуввум: Аз Офтобборон то сурудборон
— Вақте ки устод китоби “Офтобборон”-ро ба ман тӯҳфа доданд, дар он навишта буданд:
“Додаракам Афзалшоҳ, хизмати ёрон бикун,
Ман “Офтобборон” кардам, ту “Сурудборон” бикун”.
8 сол пеш, китоби “Сурудборон”-и ман ҳам чоп шуда буд.
Китоби дуюми “Сурудборон”-ро омода кардаистодаам, ки дар он шеърҳои хондаамро ба нота гирифтаам. Он барои муҳассилини мактабҳои мусиқӣ муфид хоҳад буд.
Хотираи сеюм:
Зодрӯзи охирин
Шаби 19-уми май ба хонаашон рафтам ва пурсидам, ки имсол зодрӯзатонро дар куҷо қайд мекунем ?
— Дар боғи Комсомол (Кӯли ҷавонон).
— Дигар ҷо не?
— Не, ҳамон ҷо.
Ҳамон рӯз гӯсфанд куштем ва барои 40 нафар дастархон тайёр кардем. Устод Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон ош пухтанд. Вақте ки ҳама чиз тайёр шуд, рафта устодро бо мошин овардам. Ҳама шоиру нависандагон меҳмон буданд ва ман аз шеърҳои нави устод якчанд суруд хондам. Ҳама дуо кардему ҳангоми хестан устод Лоиқ гуфтанд:
— 60 – солагии ман дар он тарафи роҳ мешавад!
— Фрунзеба -мӣ? 500 дег ош мемонем.
— Бо шӯхӣ гуфтанд не, 500 зиёд аст. 60 дег монед бас.
Он кас он тарафи роҳ гуфта қабристони “Лучоб”- ро дар назар доштаанд. Дар ҳамон ҷо як шеър ҳам гуфта буданд, ки ман онро аз забони худашон аз ёд карда будам:
Бар шаст расидаму зи шаст уфтодам,
Аз қулаи мақсуд ба паст уфтодам.
Орзуи рамидаи тапишҳо будам,
Ба пои худ омодам ба даст уфтодам.
Хотираи чорум:
Видоъ бо устод Лоиқ
Пеш аз маргашон мо ба Варзоб рафтем. Ман сурудҳои худамро як фитта карда дар мошин мондам. Дар роҳ гӯш карда омадем ва вақте ки расидем устод ба ман гуфтанд, ки “бисёр сурудҳои хубро интихоб кардӣ”.
Аз сабабе ки он кас гӯшти гӯсфанд намехӯрданд, мо дар Варзоб буз кушта, дастархон оростем. Омада сари дастурхон нишастанд, вале на хӯрданду на нӯшиданд. Тамоман таъбашон хира буд. Соати 2 ба оббозӣ рафтем ва он кас соати 3: 30 вохӯрӣ доштанд. Ҳангоми рафтан ба ман гуфтанд:
— Бачам, ту маро соати 6 ёб!.
– Майлаш.
Аз Варзоб соати 4 ба Душанбе ба хонаи Акашариф Ҷӯраев омадем. Дар он ҷо тут хӯрдему чашмам ба телефон афтод. Ба ҳамсарам занг задам, ки ӯ аз он ҷониб “зуд ба беморхона равед, ки ба устод Лоиқ чӣ гапе шудааст”,- гуфту телефонро гузошт.
Дарҳол ба беморхона рафтам. Устод дар беморхонаи “Қарияи боло” зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буданд. Он кас инсулт шуда буданд. Даҳ рӯзе, ки дар беморхона бистарӣ буданд, ман ҳар лаҳза аз ҳолашон хабар мегирифтам. Баъди се рӯз ба ҳуш омаданд. Каме суҳбат кардем ва духтурҳо аз нав сӯзандору гузаронданд, то ки хоб кунанд. Чунки ба он кас гап задан мумкин набуд. Боз баъди 4 рӯз ба ҳуш омада, хастаҳолона пурсиданд:
— Чӣ гап, ки дастҳои ман бастагӣ?
Мо ҳамаашро фаҳмондем. Боз хоҳиш карданд:
— Сигор кашидан мехоҳам.
— Ба Шумо мумкин не!
— Кӣ омадааст?
— Ҳамаи хешу табор дар берун.
Боз ба ман гуфтанд, ки “Ту як вақт шеър менавиштӣ. Ман гуфта будам, ки шеър нанавис, фақат суруд хон. Ҳозир акнун метавонӣ, ки шеър нависӣ”. Баъд аз ду соати суҳбат боз духтурҳо дору гузаронданд…
Рӯзи маргашон, соати 4-и шаб ба монитор нигоҳ кардам, ки дилашон кор карда истодааст ва оҳиста- оҳиста хат рост шуд. Дод зада аз ҷоям хестам, ки аллакай ҷон ба Ҳақ супурда буданд.
Ман хостам ҷасади устодро ба шаҳри Панҷакет, ба Мазори Шариф барам. Раиси вақти шаҳр Убайдуллоев Маҳмадсаид фармон доданд, ки устодро дар “Лучоб” гӯронем.
Ҳамин корро ҳам кардем. Ман худам устодро дар лаҳад гузоштам. Мутаассифона дар 59- солагӣ моро тарк карданд. Сад афсӯс, ки рафтанд. Ман бо устод бисёр фахр мекунам.
Бузургдошти устод Лоиқ
Зимни ин суҳбат Афзалшоњ Шодиев ҳамчунин аз барномаҳои консертиаш бахшида ба мавлуди устод Лоиқ Шералӣ гуфт:
-Консертҳо 15- уми май дар ноҳияи Мастчоҳ, 17 –уми май дар шаҳри Душанбе (Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон), 18-уми май дар шаҳри Панҷакент, 20-уми май дар шаҳри Хуҷанд ва 28 –уми май дар шаҳри Бохтар баргузор гардиданд. Ҳоло ният дорем, ки консертҳои навбатии худро санаҳои 3, 7 ва 8-уми июн дар шаҳри Хучанд баргузор кунем. Ҳамчунин, сафарҳои ҳунарӣ ба ноҳияи Дарвоз, Ванҷ ва шаҳри Хоруғро ба нақша гирифтаем. Дар баробари ин нияти баргузории консертҳоямро берун аз Ватан – дар Федератсияи Россия, кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Ӯзбекистон гузаронам.
— Қариб 150 шеъри устод Лоиқ Шералиро ба оҳанг даровардаам. Солҳои гузашта ният карда будам, ки ҳар сол 20 -тоӣ аз эҷодиёти устод хонам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Боз 100 ғазали дигари устодро бояд ба оҳанг дарорам…
Аминҷон РАҲМАТЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ