Лоғару камқувват ва хаставу лакот… Давои камхунӣ чист?

Духтарам аз замони кӯдакиаш лоғарандому камқувват аст.  Шикоят мекунад, ки худро ҳамеша хаставу лакот эҳсос менамояд ба баъзан сараш чарх мезанад. Духтурҳо сабаби камқувватии духтарамро дар камхунӣ маънидод менамоянд. Оё роҳҳои мардумии табобати камхунӣ вуҷуд дорад?

ЗАЙТУНА, ноҳияи Сангвор

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев:

— Мо ба шумо чанд давои оддиро тавсия медиҳем, ки камхуниро бартараф менамоянд, вале духтари шуморо зарур аст, ки сарчашмаи бемориашро аниқ намояд, зеро камхунӣ паёмади ягон касалии дигар буда метавонад. Сарчашмаи касалиро ёфта табобат накунед, беморӣ баъди чанд вақт метавонад аз нав хурӯҷ намояд. Инак, чанд роҳи халқии табобати камхунӣ:

Якум. Ним килограмм себ, ним кило лаблабуи сурх ва ҳамин миқдор сабзиро аз мошинаи меваҷабак гузаронида, ба шарбати ҳосилшуд як пиёла асалро илова намоед. Шарбатро нағзакак омехта карда, рӯзе 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок якқошуқӣ нӯши ҷон намудан лозим аст. Мо инро дар таҷриба санҷида, боварӣ ҳосил намудем, ки дар бадали як моҳ камхуниро пурра бартараф менамояд.

Дуюм. Як пиёла ҷавро нағзакак шуста, дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд ва бо каме асал ширин карда, рӯзе 2-3 маротиба якпиёлагӣ бинӯшанд, камхуниро даво мебахшад. Сеюм. Настаран (хуч) барои касоне, ки ба камхунӣ мубтало гаштаанд, беҳтарин давост. Одам ҳар бегоҳ 3 қошуқ хучро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резаду рӯзона кам-кам ин обро бинӯшад, худро бардам эҳсос хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *