Лоҳутӣ ба соҳибонаш супорида шуд
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни маросиме барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.
Зинатулло Исмолизода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 17 октябр зимни маросими тақдими ҷоизаҳо дар толори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гуфт, ки ҳайати комиссия дар бахши матбуот ҷоизаи Лоҳутиро ба Маҳмадалӣ Мақсадулло аз нашрияи “Чархи Гардун”, Иршод Сулаймонӣ аз Озодагон ва Абдулмаҷид Бобоиён аз радиои маҳаллӣ тақдим кард. Хабарнигори марҳуми радиои давлатии Тоҷикистон Шарифи Мисайзод пас аз маргаш барои саҳмаш дар журналистикаи тоҷик қадрдонӣ шуд. Иловатан, Исматулло Азизов аз телевизион ва дар бахши таҳқиқоти журналистӣ баШариф Муллоев, як устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соҳиби ин ҷоизаи мӯътабари журналистӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ