Лоиқ: Шеър наву кӯҳна намешавад!
Лоиқ… Устод Лоиқ… Наметавонам “зиндаёд Лоиқ” нависам, зеро ӯ ҳамеша зинда аст ва бо мост. Шеъри ӯ аз ҷавонӣ ёрам шуд ва имрӯз дар пириам низ ғамгусори ман аст. Ҳар гоҳ китобашро ба даст мегирам ё шеърашро дар қироати касе мешунавам, чеҳрааш пеши назрам меояд. Гӯё дирӯз дар хобгоҳи донишгоҳ, ё дар маҳфилеву маҷлисе ва зиёфате бо ҳам будему суҳбат мекардем…
Утоқи №46
Вохӯрии аввалинамро бо Лоиқ дар хотир надорам, вале суҳбатҳои дурударозамонро дар хобгоҳи донишгоҳ фаромӯш карда наметавонам.
Солҳои 1963-64-и қарни гузашта банда донишҷӯйи курси сеюми факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будам. Дар утоқи 46-уми хобгоҳи донишгоҳ (хобгоҳи назди “Олами кӯдакон”) 5 нафар зиндагӣ мекардем, ки яке аз онҳо Ҷумъабой Рашидов — шарикдарси собиқи Лоиқ буд. Онҳо то омадан ба пойтахт дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсил карда буданд.
Лоиқ тез-тез меҳмони утоқи мо мешуд. Он солҳо ӯ ҳарчанд мисли солҳои 70-90 чандон машҳур набуд, вале шеър менавишт ва бо мо донишҷӯёни бахши филология бештар аз адабиёт суҳбат мекард. Барои мо донишҷӯёни солҳои 60 ҷолиб он буд, ки Лоиқ бештар аз шоирони классикӣ шеър мехонд. Он солҳо бештари суҳбатҳо аз адабиёти муосири Шӯравӣ буд, бинобар ин, мо гӯшу ҳуш ба суҳбати Лоиқ мешудем, ки бароямон Ҳофизу Бедил, Соибу Саъдӣ бихонад.
Баъдан вақте бо эҷодиёти даврони камолоти Лоиқ ошноӣ пайдо кардам, дарк намудам, ки маҳз адабиёти классикӣ таҳкурсии асосии эҷодиёти ӯ ҳастанд. Лоиқ маҳз бо фаро гирифтани адабиёти классикӣ ва омезиши он бо шеъри муосир сабки хосаи хешро ба вуҷуд овард…
Албатта, суҳбатҳои мо дар утоқи №46 бе шеърхонии Лоиқ намегузашт. Хушбахтам, ки аввалин шунавандаи баъзе аз шеърҳои ин шоири бузург будам…
Лоиқ ва ҷашни Наврӯз
Соли 1963 ё 64 бахшида ба Иди Наврӯз дар назди муҷассамаи устод Рӯдакӣ гирдиҳамоии ҷавонони донишҷӯ баргузор шуд. Он солҳо таҷлили Наврӯз иҷозат набуд. Ҳизби коммунист ин ҷашни таърихии миллати моро ҳамчун “одати кӯҳна” ва “ҷашни динӣ” мамнуъ эълон карда буд. Вале бо талоши аҳли зиё ва ҷавонони бедорфикр солҳои 60-ум эҳёи ҷашни Наврӯз оғоз шуд. Гирдиҳамоии ҷавонони донишҷӯ яке аз қадамҳои ҷиддӣ дар ин раванд буд. Дар ин гирдиҳамоӣ Лоиқ яке аз ситораҳои асосӣ буд. Ӯ вақте ба минбар мебаромад ва шеърхонӣ мекард, мардум пас аз ҳар як сатраш кафкӯбӣ мекарданд. Ӯ ҳамчунин ҷавонони эҷодкор Гулназар, Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур ва чандин нафари дигарро дар ин маҳфил муаррифӣ кард. Ба гумонам шуҳрати Лоиқ ва шоироне ки ном бурдам, аз ҳамон ҳамоиш оғоз шуд.
Лоиқ баъдан барои эҳёи Наврӯз, худшиносии мардуми тоҷик, боло бурдани мақоми забони тоҷикӣ ва ғайра талошҳои зиёде кард. Ӯ ғайр аз шоир будан яке аз чеҳраҳои муассири фарҳанги тоҷик дар асри ХХ буд.
Дар Кобул
Солҳои 1983-84 банда тавассути “Проммэкспорт”-и ИҶШС ба Афғонистон сафарбар шудам ва дар Вазорати адлия тарҷумон будам. Ҳамон сол як гурӯҳи адибони тоҷик ба Кобул омаданд. Аз дӯстам, адабиётшиноси номдор Олимҷон Хоҷамуродов фаҳмидам, ки дар ин ҳайат Лоиқ ҳам будааст.
Интизор нашуда, ба меҳмонхонаи “Кобул” шитофтем. Устод Лоиқ моро бо чеҳраи кушод пазируфт. Он шабу рӯзҳо Лоиқ аз мавзӯи таҳқиқоти ман, ки ба рӯзгор ва осори Анварии Абевардӣ бахшида шуда буд, огоҳӣ дошт. Ҳамчунин, ӯ аз мавзӯи таҳқиқоти Олимҷон, ки вобаста ба адабиёти муосири Эрон буд, хабар дошт. Бинобар ин, суҳбати мо он шом бештар аз Анварӣ буду аз Эрон.
Ману Олимҷон аз дониши фаровони Лоиқ дар мавриди Анварӣ ва адабиёти Эрон дар ҳайрат мондем. Зеро ӯ вақте дар бораи мавзуҳои мо суҳбат мекард, ба нуктаҳое ишора мекард, ки барои мо муҳаққиқон ҳанӯз норавшан буд. Дар он ҷо бори дигар ба доираи васеъи мутолиаи Лоиқ қоил шудам.
Дар ин сафар ҳамчунин шаби шеъри Лоиқ дар Кобул баргузор шуд. Вале афсӯс, ки банда дар он ҳузур надоштам ва бо тақозои вазифа аз Кобул баромада будам. Вале қариб як моҳ ҳамагон аз маҳфили Лоиқ мегуфтанд…
Ғазал кӯҳна намешавад…
Яке аз рӯзҳои соли 1985 буд. Он солҳо мубориза алайҳи нӯшокиҳои спиртӣ, ки миёни мардум “сухой закон” мегуфтанд, давом дошт. Дар саросари Шӯравӣ барои фурӯши машрубот рӯзу соат ва меъёри муайян муқаррар шуда буд. Дар рӯзҳои муайяншуда — аз соати 16 то 18 як нафар ҳақ дошт, ки ҳамагӣ 2 бутал шароб гирад. Бинобар ин, дар чунин рӯзҳо навбат барои машрубот ба 1,5 — 2 км мерасид.
Дар яке аз чунин рӯзҳо ман ба нуқтаи фурӯши машрубот, ки дар маҳаллаи 82 воқеъ буд, рафта навбат гирифтам. Дере нагузашта Лоиқ ҳам омад. Ман ӯро ба назди худам ҷеғ задам, зеро навбати ман пештар буд.
Чун ҳамеша суҳбати мо дар навбати шароб низ ба адабиёт ва шеър печид. Он шабу рӯзҳо дар мавриди кӯҳна шудани ғазал мақолаҳо нашр шуда, баҳсу мунозира ҷараён дошт. Суҳбати мо ҳам аз ҳамин буд. Лоиқ гуфт:
— Баҳси мунаққидон бепоя аст, зеро ғазал кӯҳна намешавад…
— Рост гуфтед устод, ғазалҳои шумо кӯҳна намешаванд,- гуфта, як ҷавоне, ки пеш аз мо навбат меистод, ба суҳбат ҳамроҳ шуд ва посухи Лоиқро интизор нашуда, ғазали “Ошиқӣ чист?”-ро хонд:
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.
Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Баски аз пои равон мондем, ҳасрат мекунем,
Аз паи хубон давидан ҳам ғанимат будааст.
Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин
Хештанро гум накардан низ санъат будааст.
Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр
Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст.
Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст.
Лоиқ аз қироати ҷавон хушаш омад. Бо лабони пуртабассум гуфт: “Молодец!”.
Пас аз он ки навбатамон расид ва ҳақамонро гирифтем, ҳар ду то ҳайкали Ибни Сино суҳбаткунон омадем. Суҳбатамон ҳамоно аз ғазал буд.
Лоиқ гуфт:
— Шеър кӯҳнаву нав намешавад. Албатта қолаби шеър нав мешавад, вале ин муҳим нест. Барои хонанда муҳим нест, ки дубайтӣ мехонад ё рубоӣ, ғазал мехонад ё шеъри сафед… Барои ӯ муҳим аст, ки шеъри нағз бихонад, шеъреро, ки ба рӯҳаш созгор бошад. Шоир ҳам бояд суратпараст не, сиратсоз бошад. Дар шеъраш пойбанди зоҳир нашуда, ҳарфи нав бигӯяд…
Ҳамин тариқ раҳораҳ пурра дар бораи шеър суҳбат кардем, ки аз он ман бисёр чизҳоро ёд гирифтам. Албатта, буданд дигар маҳфилҳои устод ба муносибати ин ё он санаи таърихӣ, ки ширкат доштам.
Анҷом…
Гарчанде ба ин нигошта нуқта мегузорам, вале ҳадиси Лоиқ поён надорад. Хотироти банда низ аз вохӯриву суҳбатҳо бо ӯ зиёд аст. Ҳамин хотирот аст, ки Лоиқро дар андешаҳои ман ҳамеша зинда нигоҳ хоҳад дошт…
Абдурашид САМАДОВ, адабиётшинос
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ