Лоиқ дар 27 сония “накаут” карду сарашро қапид
Дар мавсими Лигаи муборизони касбӣ намояндаи ПФЛ аз Тоҷикистон Лоик Раҷабов, финалисти мавсими гузашта, бо Аҳмад Алиеви рус қувваозмоӣ кард.
Дар навори қуваозмоӣ дида мешавад, ки аллакай дар сонияи 21-уми рақобат размкори тоҷик Лоиқ Раҷабов бо зарбаи сахти даст ба рӯи ҳарифаш мезанад ва довар дар 27-ум сония муборизаро қатъ менамояд.
Ғалабаи Раҷабов дар ҳоле буд, бо задани зарбаҳои пай дар пай ҳамчунин аз довар даъват кард, ки ҳарчи зудтар муборизаро қатъ кунад ва фавран пас аз он вай аз вазъи Алиев сахт нигарон шуд.
Ҳоло Раҷабов дар MMA 11 ғалаба ва 3 мағлубият дорад. Алиев 7 шикаст ва 20 ғалаба дорад. Пас аз расидан ба нимфинали мусобиқа, Лоик бори дигар имкони мубориза бурданро ба даст овард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ