Лоиҳаҳои Ҷопон дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар доираи 10 лоиҳаи нав аз Ҳукумати Ҷопон 834,798 доллари ИМА ёрии бебозгашт дарёфт кард. 

Расми имзои созишномаҳо имрӯз, 24 январ дар Душанбе сурат гирифт. Ҳаҷиме Китаока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ҳарчанд ин гуна ёриҳо барои рушди сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон таконе мешаванд, вале умедвор аст, раисони навоҳии кишвар низ барои рушди бештари ҷумҳурӣ талош мекунанд.

Бар асоси лоиҳаҳо дар деҳаи Сайёди ноҳияи Ҳамадонӣ бинои нави мактаби №50 (84400 доллар), бинои нави беморхона дар ҷамоати “Қизиғ-Рабат”-и ноҳияи Мурғоб (88026), бинои нави беморхонаи минтақавии деҳаи Доғистони ноҳияи Шоҳин (85052) бунёд шуда, ду пул дар ноҳияи Ҷайҳун (84355 доллар), беморхонаи минтақавии ҷамоати Вранги ноҳияи Ишкошим (85191) ва бинои мавҷудаи мактаби №20 деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритуз (84868) барқарор мешаванд.

Ҳамчунин дар доираи ин ёриҳо барои дастрас намудани техникаи кишоварзӣ барои Ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 84,814 доллар, барои таъмири техника дар нигоҳдории канали обёрӣ дар ноҳияи Фархор 79,800 ва барои беҳтар намудани низоми оби нӯшиданӣ дар ноҳияи Қубодиён 84,216 доллар ихтисо дода шудааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин аз ҷониби сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва директори иҷроияи созмони Кумакҳои Башардӯстона (ФОКУС) як лоиҳаи дигар барои мустаҳкам намудани хоки нишебиҳои соҳили дарё ва беҳтар намудани системаи обёрӣ дар 5 деҳаи ноҳияи Роштақалъа бо маблағи 74,067 доллар ба имзо расид.

Ин маблағҳо дар доираи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амниятӣ башарии Ҳукумати Ҷопон роҳандозӣ шудаанд. Аз соли 1996 то кунун дар доираи ин барнома Ҷопон ба Тоҷикистон 29,3 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *