Лоиҳаи АТОМ: Силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба сӯи бунбаст
Соли 1993 Қазоқистон яке аз аввалин кишварҳои ИДМ буд, ки ба Паймони паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ шуд ва соли 1992 иштироккунандаи Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаӣ гардид.
Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият Қазоқистон барои ояндаи накӯтар ва ҷаҳони озод аз ҳастаӣ на танҳо дар қаламрави худ, балки фаротар аз марзҳояш мубориза мебарад. Қазоқистон дар соҳаи паҳн накардан ва халъи силоҳи ҳастаӣ кашшоф буда, борҳо ҳамчун ташаббускори дигаргуниҳои бузург ва намуна барои бисёр кишварҳо баромад кардааст. 29 августи соли 1991 бо фармони Нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қарордоди таърихии он – басташавии майдони озмоишҳои ҳастаии Семипалатинск ба расмият дароварда шуд.
Соли 1993 Қазоқистон яке аз аввалин кишварҳои ИДМ буд, ки ба Паймони паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ шуд ва соли 1992 иштироккунандаи Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаӣ гардид. Қазоқистон худро ҳамчун кишваре нишон дод, ки ба он дар бобати сиёсати мунтазам дар соҳаи паҳн нагардидани силоҳи ҳастаӣ такя кардан мумкин аст. Яке аз қадамҳои муҳимтарин дар ин бобат таъмини бехатарии маводи ҳастаии дар кишвар мавҷуд буда гардид. Қазоқистон пас аз ИМА, Руссия, Украина чорумин кишвар аз ҷиҳати миқдори кулоҳаки ҳастаӣ буд, аммо аз аслиҳаи ядроӣ, ки аз ИҶШС ба мерос монда буд, ихтиёран даст кашид.
Лозим ба ёдоварист, ки Қазоқистон на танҳо маҷмӯи стандартии ӯҳдадориҳоро бар дӯши худ гирифт, ки дар Паймоноид ба паҳн накардани аслиҳаи ҳастаӣ пешбинӣ шуда буд, балки якҷоя бо ҳамсоягон минтақаи озод аз силоҳи ҳастаиро дар Осиёи Марказӣ таъсис дод. Панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ихтиёран уҳдадориҳои иловагиро, ба монанди имзои шартномаҳо бо МАГАТЭ оид ба санҷишҳои дақиқтари фаъолияти ҳастаӣ, бар дӯши худ гирифтанд.
Таърихи фоҷиабори озмоишҳои ҳастаӣ дар хоки Қазоқистон ва оқибатҳои вазнинтарини башариву муҳити зист ба Қазоқистон ҳуқуқи маънавӣ медиҳад ва ҳатто вазифадор мекунад, ки ҷомеаи байналмилалиро аз хатари ҳастаӣ ба муҳити атроф ва тамоми инсоният огоҳ намояд.
Қазоқистон яке аз иқдомҳои муҳимро барои ба даст овардани ҷаҳони озод аз ҳастаӣ ба амал овард ва маъракаи байналмилалии Лоиҳаи АТОМ – ро барои муттаҳид намудани афкори ҷомеа бар зидди озмоишҳои силоҳи ҳастаӣ ва баъдан дасткаши пурра аз мусаллаҳшавии ҳастаӣ роҳандозӣ намуд. Номи ин лоиҳа ихтисораи чор калима ба забони англисӣ ғояи асосии барномаро хубтар аз ҳама ифода мекунад – Abolish Testing – Our Mission (Манъи Озмоишҳо – Рисолати Мост).
Лоиҳаи АТОМ – ташаббуси ҷаҳонии Қазоқистон дар соҳаи силоҳпартоии ҳастаӣ ва дипломатияи ҷомеавӣ бори нахуст дар Остона соли 2012 аз ҷониби Н.Назарбоев дар ҳамоиши байналмилалии «Аз манъи озмоишҳои ҳастаӣ – ба ҷаҳониозод аз силоҳи ҳастаӣ» дар Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаии СММ – 29 август эълом гардид.
Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа ҳар як инсон дар рӯи Замин, ки мухолифи силоҳи ҳастаӣ аст, метавонад дар зери арзномаи онлайнӣ ба ҳамаи ҳукуматҳои ҷаҳон бо даъвати абадан даст кашидан аз озмоишҳои ҳастаӣ имзо кунад, то ки ба фавран эътибор пайдо намудани Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаӣ ноил гардад ва ҳамин тариқ, ба сӯи ҷаҳони озод аз таҳдиди ҳастаӣ қадами муҳим гузорад.
Дар тӯли солҳои фаъолияташ лоиҳаи АТОМ оид ба муттаҳидсозии афкори ҷомеа бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ қадамҳои назаррас гузошта, на танҳо дар дохили Қазоқистон, балки берун аз он низ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар кишварҳое ба монанди Норвегия, Нидерландия, Швейтсария, Италия, Русия, ИМА, Финландия, Австрия, Ҷопон, Мексика ва Олмон муаррифии Лоиҳаи АТОМ ва ҳамчунин намоиши мусаввараҳои рассоми машҳури қазоқистонӣ, сафири ифтихории лоиҳа Карипбек Қуюқов низ баргузор гардиданд. Зимни муаррифӣ ширкаткунандагони Лоиҳаи АТОМ дар бобати кӯшишҳои зидди ҳастаии Қазоқистон, таърихи фоҷианоки майдони озмоишии Семипалатинск нақлҳо мекунанд ва аз натиҷаҳои даҳшатбори озмоишҳои ҳастаӣ огоҳӣ медиҳанд.
Лоиҳаи АТОМ бо созмонҳои зиёди байналмилалӣ, ки ташаббусҳои зидди ҳастаии Қазоқистонро дастгирӣ мекунанд, ба монанди: Созмони Милали Муттаҳид, Комиссияи омодагии Ташкили Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаӣ, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Парламентиён барои паҳн накардан ва халъи силоҳи ҳастаӣ, Тадбирҳои байналмилалӣ барои манъи аслиҳаи ҳастаӣ ва ғ. ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҳамаи кишварҳо кӯшишҳои Қазоқистон дар рисолати мушкили силоҳпартоии ҳастаӣ дастгирию ҷонибдорӣ карда мешаванд. Дар мӯҳлати кӯтоҳи мавҷудияти худ Лоиҳаи АТОМ дар муттаҳид сохтани одамон дар тамоми ҷаҳон ки аз мубориза ба муқобили озмоишҳо ва силоҳи ҳастаӣ канорагирӣ намекунанд, пешрафти назаррасро ноил гардид. То имрӯз 310 000 мардуми зиёда аз 100 кишвар ба зери ин арзнома имзо гузоштаанд ва Лоиҳаи АТОМ бо ин дастовард қонеъ нагардида, ба кори худ идома хоҳад дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ