Лоиқро аз Дӯстӣ ёфтанд
Ҷасади Лоиқҷон Абдуеви сесоларо, ки рӯзи 24 апрел аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нопадид шуда буд, аз канори рӯди Вахш дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) пайдо карданд.
Наздикони Лоиқҷон Абдуев аз деҳаи Наврӯзи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми бозӣ дар назди хонаашон аз назар нопадид шуд ва бо ҳамин дигар ӯро надиданд.Хуршед Ҳабибов, бобои Лоиқҷон, рӯзи 9 май дар сӯҳбат бо гуфтааст, ки , сокинони маҳаллӣ рӯзи 6 май ба онҳо хабар доданд, ки ҷасади як кӯдак дар Ҷилликӯл, дар канори рӯди Вахш пайдо шудааст. «Вақте рафтем, шинохтем, ки ӯ Лоиқҷон аст. Дар насиб чунин будааст. Дар деҳаи мо оби калон нест, вале вақти гум шудани Лоиқҷон обҳои каналҳои деҳа тезоб буданд. Пештар кафшҳояшро аз лаби як ҷуйбор ёфта будем», — гуфт ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ