Лола: Ислом Каримов ӯзбекиро намедонист

Лола Ҳотамова, рӯзноманигори маъруфи даврони шӯравии Узбекистон, ки замоне сухангӯи президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов буд, гуфтааст, ки овозаҳо дар бораи робитаҳои ошиқонааш бо Каримов сабаб шуданд, ки якбора аз назарҳо ғайб занад.

Дар мусоҳибаи вижаи бахши узбекии Радиои Озодӣ Ҳотамова гуфтааст, ки баъди нофаҳмӣ бо Ислом Каримов вай нахуст аз кор ва баъдан аз Узбекистон рафт. Ҳоло дар ИМА умр ба сар мебарад.
Ба гуфтаи Лола Ҳотамова, маъшуқаи Каримов набуд, аммо таваҷҷуҳи президент ба вай ва фаъолияташ дар солҳои 1990 боиси овозаҳое шуд, ки ӯро аз кор маҳрум кард: “Ман кадри ҷавон будам, нав корро шурӯъ карда будам, ҳоло ҳеч кори бузурге накарда будам, ки сазовори чунин таваҷҷуҳи шахси аввали кишвар шавам. Ба ҷуз ин, он замон дар ҷомеаи Ӯзбекистон масъалаи худшиносӣ дар авҷ буд. Бисёриҳо медонистанд, ки ҳамсари Ислом Каримов рустабор аст. Аз ҳамин хотир, бархеҳо, тавре мегӯянд, “хостро ҳаст пиндошта” фикр мекарданд, ки Каримов ҳамсари русашросар медиҳад ва хонуми ӯзбек мегирад. Ман намедонам, ин овозаҳо аз куҷо сар заданд, аммо натиҷа он шуд, ки ман аз кор ронда шудам”.
Ӯ дар бораи фаъолияташ дар даврони Ислом Каримов мегӯяд, президентро “дар ҷаласаҳо гӯш кардан душвор буд. Вай забони ӯзбекиро хуб намедонист. Ҳатто вақте бо русӣ суҳбат мекард, аз мавзӯи асосӣ борҳо канор мерафт”. Аммо Ҳотамова аз Каримов ранҷидааст. Вай мегӯяд, “Каримов ба ҳайси роҳбари як давлати комил тамоми нерӯяшро ба як зани ҷавону танҳое, ки дар даст тифли хурдсол дошт, нишон дод”.
Лола Ҳотамова афзуд, то ҳол шаҳрванди Узбекистон буда, ба ватанаш равуо дорад ва аз президенти нави ин кишвар тағйироти мусбатро умедвор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *