“Лола” –ро дар Кӯлоб мекананд
Бо қарори ҳукумати шаҳри Кӯлоб, як қисмати фурӯши молҳои рӯзгори бозори «Лола» тахриб шуда, дар ҷои он таваққуфгоҳи мошинҳо сохта хоҳад шуд. Аммо ин тасмими шаҳрдорӣ эътирози даҳҳо тоҷиронро ба миён овардааст.
Ин бори аввал нест, ки тоҷирони бозри “Лола”-и шаҳри Кӯлоб барои кучонданашон эътироз меоранд. Соли 2016 низ роҳбарияти бозори“Лола” тасмим гирифт, ки ин маконро навсозӣ кунад, вале он дафъа дӯкондорони қисмати қисмҳои эҳтиётфурушӣ эътироз ва чанд рӯз корпартоӣ намуда буданд. Аксар тоҷирон мегӯянд, ки бо сабаби набуди ҷои кор тиҷорат дар бозорро макони аслии даромади худ интихоб кардаанд ва аз ҳамин роҳ зиндагии оилаҳои онҳоро мечархонад.Қисмати бозори “Лола”, ки қарор аст тахриб шавад, ду соли пеш таъсис ёфта, махсус барои фурӯши молҳои рузгор ва либоҳои кӯдаконаву калонсолон ихтисос ёфта буд. Вале раҳбарияти бозори «Лола» мегӯянд, қарори тахриби ин қисмати бозор ба онҳо марбут нест ва аз ҷониби шаҳрдории Кӯлоб гирифта шудааст. Онҳо мегӯянд, ки бояд супориши шаҳрдориро иҷро кунанд.Бозори «Лола» дар паҳлӯи бозори марказии «Саховат» қарор дошта, дар он зиёда аз 500 тоҷир ба фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ машғуланд. Дар қисмате, ки қарор аст тахриб ва таваққуфгоҳи мошинҳо сохта шавад, зиёда аз 100 тоҷир ба фуруши либос машғуланд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ