Лолаи Саидакбар: Таърифи бисёр ҳақорат аст!

Чандест, ки дар матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ ибораҳои навбаромади ҳофизи рақами як, шоири рақами як ё журналисти рақами якро хондаю аз суханронии баъзеҳо дар ҳайрат мемонам, ки ин рақамгузориро кӣ ҳакамӣ мекунад?!

Мо тоҷикон худро дорои тамаддуни қадимаю захираи бойи луғавӣ меҳисобем, аммо кайҳо бо номгузории булаҷаби тарабхонаю ошхона, ки аз он бўйи маҳалгароӣ меояд, одат кардаем. Дигар моро навиштаҷоти «Сихкабоби Хуҷанд»-у «Қурутоби Кўлоб» ҳайрон намекунад, зеро онро на маҳалгароӣ, балки ифтихори миллӣ медонем. Як дўстам мегўяд, ин гуна номгузории ошхонаҳо ҳаргиз маҳалгароӣ нест, зеро хўрокҳое ҳастанд, ки хоси як маҳалланд. Шахсан ман қурутобу фатирмаскаро хоси мардуми ҷануб, оши палавро хоси мардуми шимол медонам, ҳарчанд онро дар ҳама ҷо тайёр мекунанд. Шояд ў рост мегўяд?

Дар саҳифаи ҳафтаворе мехонам, ки Сурайё Қосимова ҳунарманди №1-и кишвар аст. Бовар кунед, барои ман ҳам Сурайё Қосимова беҳтарин сароянда аст ва бештар аз ҳама сурудҳои ўро гўш мекунам. Чанд суруди ин бонуи хушовоз дар зеҳни роёнаам сабт асту лаҳзаҳои фориғ аз ташвиши кору рўзгор онҳоро мешунавам, вале бо ҳама он эҳтироме, ки нисбати хонум Сурайё дорам, ўро сарояндаи №1 гуфта наметавонам. Агар бонуи Қосимова №1 аст, пас Барно Исҳоқова, Одина Ҳошимову Зафар Нозимов, Абдулло Назриеву Ҷўрабек Муродов ва Афзалшоҳ Шодиев дар зинаи чанд бошанд?!

Рўзноманигороне, ки мухлиси варзиш ҳастанд, байни варзишгарон чунин рақамгузорӣ мекунанд. Чун мешунавам, ҷавонаки байни ду ҳамсоли худаш медал гирифтаеро ба осмон мебароранд, офарин ба бузургии Саймуъмин Раҳимов ва Зебунисо Рустамова мегўям, ки аз як ҷумҳурии хурди куҳистон Иттиҳоди абарқудрати шӯравиро намояндагӣ кардаю унвони ҷаҳонпаҳлавон гирифтаанд.

Шояд ман хато кунам, вале ин андешаҳое ҳастанд, ки дер боз дар зеҳнам чарх мезананд. Гумон мекунам ҳар инсоне, ки ба номи ВАТАН кори бузургеро ба анҷом расонидааст, миёни ҷомеа мавқеи худро дорад ва каси дигар наметавонад ҷойгоҳи ўро ишғол кунад. Рақамгузорӣ ё таърифи аз ҳад зиёди ин ё он инсони бузург новобаста аз он, ки ў ҳамшаҳрии шумост ё хешатон, ҳақорате беш нест.

Пас, биёед аз ин амали нолоиқ даст кашем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *