Луъбати Воло – Лондон – Эрон

Ҳанўз

Агар ҳанўз маро ишқу орзуст, туӣ,

В-агар ҳанўз ба сари шавқ ҷустуҷўст, туӣ.

Ҳама шикояти душман ба пеши дўст баранд,

Шикояти ту ба кас чун барам, ки дўст туӣ.

Зи коргоҳи хаёлам ҳазор нақш гузашт,

Як аз ҳазор ба чашмам агар накўст, туӣ.

Миёни ҷамъ, маро як дил асту сад маъшуқ,

Вале ба хилватам, он кас, ки пеши рўст, туӣ.

Дигар мапурс касеро, ки дўст дорам кист?

Туӣ, туӣ, ба худо, ин чи пурсуҷўст? Туӣ.

Ба боғи хотира, гулҳои ёд пажмурданд,

Гуле, ки ҷовидона пур аз рангубўст, туӣ.

Хамўш! Қиссаи сангу сабў магў, Луъбат,

Ба ҷамъи бехабарон онки ёвагўст, туӣ.

***

Неъмати дидор

Фориғ аз буду набуди ҳама олам будан,

Гўйи умед зи чавгони замон бирбудан.

Рўзу шаб масту ғазалхону суроҳӣ дар даст,

Бар дари майкадаи шавқ қадаҳ паймудан.

Воқифи сирри азал гаштану аз чанги хаёл,

Нағмаи зуҳраву овои малак бишнудан.

Аз дили хок ба афлок қадам бинҳодан,

Бар ҳарими ҳараи сирри худо сар судан.

Ё ҳама умр лаби ҷоми ҳавас бўсидан,

Домани ном ба паймонаи нанг олўдан.

Ояти дилбариву ғояти мақсуд шудан,

Рўи чун оина бар аҳли ҷунун бинмудан.

Соя бар чашми фусункор задан, дил бурдан,

Ҳар замон бар сафи маҷнунсифатон афзудан.

Оҳўи дида ба доми нигаҳе афкандан,

Дари бутхонаи дил бар ҳамагон бикшудан.

Ганҷсон кунҷи ниҳон аз ҳама халқ осўдан,

Як нафас рўи ту, эй дўст чу битвон дидан.

***

Дар домани пиндор

Омад зи дарам ханда ба лаб, бўсаталаб, маст,

Дар домани пиндори мани майзада биншаст.

Лабҳош шароби сухани ишқ фурў рехт,

Бар ашки ниёзам раҳи девонагарӣ баст.

Он турки ситамкеш, кит арки дили мо гуфт,

Боз омаду ҳар аҳд, ки бастам ҳама бишкаст.

Гуфтам, ки: дигар дар сари ман шўри ғамат нест,

Дар чашми ман овехт нигоҳаш, ки бубин, ҳаст.

Гуфтам: ба худо синаам аз ишқи ту холист,

В-он риштаи пайванди ману аҳди ту бигсаст.

Хандиду аз он чашмаи хуршеди шарар рехт,

Дил заррасифат боз ба он силсила пайваст.

Ў кўдаки худхоҳи замонасту аҷаб нест,

Гар Луъбатаму дар кафи ў меравам аз даст.

لعبت والا- لندن- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *