Лукашеко ба сарвазири Арманистон чӣ гуфт?
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи 23 ноябр дар Минск баргузор мешавад, ширкат намекунад.
Бо ташаббуси Беларусия сӯҳбати телефонии Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Беларусия Александр Лукашенко баргузор гардид. Сарвазири Арманистон ба президенти Беларусия хабар дод, ки ӯ дар ҷаласа наметавонад иштирок кунад. Никол Пашинян изҳори умедворӣ кардааст, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ба ин тасмим муносибати воқеъбинона хоҳанд дошт. Гуфта мешавад, ки Пашинян ва Лукашенко масоили марбут ба ташкили ҷаласаи Шӯрои амнияти вижаи СПАД, ки бояд рӯзи 23 ноябр дар Минск баргузор шавад, баррасӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ