Лукашенко аз чӣ метарсад?

Александр Лукашенко, президенти  Беларус, дар шарҳи “инқилоби махмалии Арманистон” гуфт, ки “ана, ҳамин тавр, моро якто-якто аз байн мебаранд”.

Ӯ нагуфт, ки дақиқан киро дар назар дорад, аммо аз сухарониаш дар Русия ёдовар шуд. “Ба ҷойи ин ки якҷо шуда, масъалаҳоро ҳал кунем, аз гиребони якдигар мегирем ва ба рӯи якдигар мушт мекашем”, — гуфт президент дар паёми солонааш ба парлумон ва шаҳрвандони Беларус.Рӯзи гузашта сарвазири Арманистон Серж Саргсян аз мақомаш истеъфо дод. Ин ҳодиса баъди 11 рӯзи намоишҳои эътирозии мухолифин ба вуқуъ пайваст. Саргсян эътироф кард, ки ӯ ба иштибоҳ роҳ дод ва лидери мухолифин ҳақ буд. “Ҳолати феълӣ чанд роҳи ҳал дорад, аммо ман ба ҳеҷ яки ин роҳҳо намеравам. Ин шеваи ман нест. Ман аз мақоми раҳбари ҳукумати Арманистон канор меравам”, — гуфт Серж Саргсян. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш бо назардошти шеваи мусолиҳатомези таҳаввулоти Арманистон аз тарафҳо даъват кард, ки ба қонун эҳтиром гузоранд ва муколамаро ба роҳ монанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *