Лукашенко ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод

Ба гуфтаи президенти Белорус, маҳз Осиёи Марказиро хатари ба макони ҷанги навбатӣ барои таҷдиди ҷаҳон аз ҷониби Ғарб ва Чин табдил шудан таҳдид мекунад. Ӯ гуфт, ки Осиёи Марказӣ метавонад ба зудӣ макони набардҳои навбатӣ барои тақсими ҷаҳон гардад.

Ин изҳоротро президенти Белорус Александр Лукашенко зимни суханронӣ дар як ҷаласаи тантанавӣ дар остонаи Рӯзи истиқлолияти ин кишвар баён дошт.

Лукашенко бар ин назар аст, ки дар ояндаи наздик дар минтақаи Осиёи Марказӣ шояд муборизаи ду маркази қудрат — Амрикову Иттиҳодияи Аврупо аз як сӯ ва Чин аз сӯи дигар сурат гирад.

«Осиёи Марказӣ мисли мо дар миёни ду оташ қарор гирифт: аз як тараф аврупоиҳо, амрикоиҳо ва аз сӯи дигар Чин, ки барои зинда мондани Осиёи Марказӣ кумаки зиёд дорад»,- гуфт ӯ.

Александр Лукашенко афзуд, ки ин мубориза метавонад дар ояндаи наздик оғоз шавад, зеро «аломатҳо аллакай пайдо шудаанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *