Лукашенко боз президент шуданист
Александр Лукашенко, Президенти феълии Белорус тасмим гирифтааст, ки дар интихоботи президентӣ дар тобистони соли 2020 ширкат кунад.
Ҳамзамон вай ба хабарнигорон гуфтааст, ки “курсии президентиро бо ду даст надоштааст ва мардуми Белорус метавонанд аз номзадиаш пуштибонӣ накунанд”.
Қаблан Лукашенко эълом дошт, намехоҳад ба хотири ширкаташ дар интихоботи президентии соли 2020 Конститутсияи кишвар тағйир дод шавад.
Бори ахир Александр Лукашенко дар интихоботи моҳи октябри соли 2015 ба рақибонаш пирӯз шуда буд.
Александр Лукашенко яке аз собиқадортарин президентҳои кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб шуда ва аз 20 июли соли 1994 то ба ҳол сарварии Белорусро ба ӯҳда дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ