Лукашенко Тоҷикистонро аз Чин ҳам гузаронд
Президенти Беларус Александр Лукашенко, ки рӯзи 15 май дар ҷараёни як сафари расмӣ ба Душанбе меҳмони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, суръати рушди ин кишварро «бартар аз Чин» номидааст
.Лаҳзаҳое баъди истиқболи президенти Ҷумҳурии Беларус дар Кохи Миллат ва пеш аз он ки ду президент пушти дарҳои баста барои гуфтугӯи рӯбарӯ бо ҳамдигар мерафтанд, Александр Лукашенко аз пазироӣ ташаккур кард. Вақте презиенти Тоҷикистон ба Лукашенко сухан дод, Лукашенко аз пешрафтҳои Тоҷикистон ва зебоиҳои кишвар ситоиш кард ва гуфт:«Мо ба рушди Тоҷикистон ҳамеша бо таваҷҷуҳ менигарем. Ман, алалхусус аз суръате, ки кишвари Шумо пеш меравад шод ҳастам. Ман ҳамеша бо қаноатмандӣ мушоҳида мекунам, ки аз рӯи суръати рушд шумо бар Ҷумҳурии Мардумии Чин бартарият доред. Ин сазовори аҳсант аст».
Лукашенко барои анҷоми як сафари расмӣ шоми 14 май вориди Тоҷикистон шуд. Беларус як шарики сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон буда, мизони табодули молу коло миёни ду кишвар ахиран ба 30 миллион доллар расидааст. Ҳарду кишвар гуфтанд, ки ба тавсеаи ҳамкориҳо умед мебанданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ