Лётчикҳо Тоҷикистонро тарк карданд

Лётчикҳое, ки моҳи август аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, шаби 9 ба 10‑уми ноябр бо кумаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кишвар берун шуданд.

Тавре ки «Озодӣ» хабар медиҳад, ин хоҳиши худи пилотҳо буд, ки борҳо дар борааш садо баланд кардаанд. Онҳо борҳо аз ояндаи худ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ба ҷуз аз 143 пилот, боз чанд оилаи дигари афғонистонӣ, аз ҷумла рӯзноманигоронро низ аз Тоҷикистон ба кишвари дигар бурда шуданд.

Яке аз халабонҳо қабалан гуфта буд, ки ҳафтаи гузашта ба онҳо хабар доданд, ки ҳуҷҷатгузории сафари онҳо ҳал шудааст ва аз Тоҷикистон бароварда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар миёни онҳо, ду бону низ ҳастанд, ки яке аз онҳо бояд ҳамин рӯзҳо таваллуд кунад. Ин зан ду бор ба бемористон  бурда шуд ва зери назорати пизишкони тоҷик буд.

143 пилот ё халабони афғонистонӣ рӯзи 15-уми август баъд аз ишғоли Кобул аз сӯи «Толибон», ба Тоҷикистон фирор карданд ва се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.

Дар ин муддат борҳо шикваи онҳо шунида шудааст, ки ин ҷо дармондаанду сарнавишташон номаълум аст ва ҳамчунин наздиконашон дар Афғонистон таҳти фишори  «Толибон»-анд.

Ин дар ҳолест, ки «Толибон» пештар гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *