Люксембург: Эркин Раҳматуллозода эътимоднома супорид

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода ба Ҳертсоги Бузурги Люксембург – Ҳенрӣ супоридани эътимоднома супорид.

Э.Раҳматуллозода, баъд аз маросими мулоқот бо тақдими паёмҳои гарми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари Люксембург аз сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон ба ин кишвари зебои Аврупо ёдовар шуд. ”Ҳертсогии Бузург – таъкид намуд Сафир – барои мо ба таври вижа ёдмон аст, чунки маҳз дар кишвари Шумо, Волоҳазрати ҳумоюн, имзои Созишномаи ҳамкорӣ ва шарокат байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт, ки уфуқҳои наверо дар роҳи ҳамкории густурдаи мо боз кард.”

Ҳертсоги Бузург Ҳенрӣ аз Сафир хоҳиш кард, ки паёмҳои ӯро низ ба Сарвари давлати Тоҷикистон бирасонад.

Ҳангоми боздиди хеш аз Люксембург Сафири Тоҷикистон бо Ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Ҳудак мулоқот дошт, ки зимни он барномаҳои ҳамкории пурсамари байни кишвари мо ва ин ниҳоди бонуфузи молиявии Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбарияти Бонк, ки аз шарикони радаи аввали кишвари мо дар масоили бо маблағҳои зарурӣ таъмин намудани барномаҳои миллӣ ва байналмилалии энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла тарҳи CASA-1000 аст, омодагии хешро барои рушду густариши ин равобит бори дигар таъкид кард.

Силсилаи дигари мулоқотҳои Сафир, ки бо сарварони раёсатҳои мухталифи марбутаи Вазорати корҳои хориҷии Люксембург сурат гирифтанд, масоили умдаи ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Ҳертсогии Бузургро дарбар гирифта, барои рушду нумуи равобити ёдшуда заминаи боэътимодеро таҳким бахшиданд, ки умед аст, самараи хубе ба бор оварад.

Люксембург: Эркин Рахматуллозода вручил верительную грамоту

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *