Мӯйлаби сеҳрнок. Умед Шатакови тоҷик қаҳрамони филмҳои туркӣ (Видео)

Умед Шатаков, аввалин тоҷикест, ки марзҳои Тоҷикистонро убур карда тавонист, ки ба майдони синамои турк роҳ ёбад ва дар як қатор филмҳо нақш офарад. Чӣ гуна як ҷавони тоҷик ба чунин муваффақият ноил шуд? Барои расидан ба ин чӣ роҳеро тай кард? Дар оянда чӣ нақшаҳо дорад?

Ҳафтаи равон Умед Шатаков меҳмони “Тоҷикистон” буд ва ба суолҳои мо посух гуфт.

-Умед, дар оғоз мехоҳам дар мавриди худ ва чӣ гуна ба Туркия рафтанатон ҳарф занед?

-Ман 7 апрели соли 1994 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадаам. Таҳсили ибтидоиро дар ноҳияи Данғара оғоз карда, баъдан дар Литсейи туркӣ-тоҷикии шаҳри Хуҷанд идома додам ва Литсей барои бачаҳои болаёқати шаҳри Кӯлобро хатм кардам. Баъданд, ба риштаи иқтисоди донишгоҳи Салчуқ дохил шудам. Ҳамин тавр, сарнавишти ман ба Туркия пайваст.

-Чӣ тавр як иқтисодчӣ ба олами синамо ворид шуд?

-Ногаҳонӣ. Пас аз хатми донишгоҳ як муддат ба Ватан омадам ва барои идомаи таҳсил дар магистратура ба Туркия, ба шаҳри Қуния баргаштам. Рӯзе як рафиқам гуфт, ки барои ширкат дар саҳнаи умумии (массовка) як филм ҷавонононро даъват мекунанд ва пешниҳод кард, ки рафта ширкат кунем. Ман ҳам рафтам. Он филм “Як ҳадис” ном дошт.

Азбаски ҳодисаҳои филм дар соли 1250 мегузашт, мо бояд бо риш ба майдони сабт ҳозир мешудем, лекин ман риш надоштам, бинобар ин, ба ҳама либос доданду ба ман не. Нияти хонаравӣ доштам, ки коргардони филм Айҳан Узен аз наздам гузашт ва суол кард, ки чаро либос напӯшидӣ? Чун сабабро гуфтам, таъкид кард, ки интизор шавам ва дастур дод, ки бароям либос оранд. Ӯ маро на дар саҳнаи умумӣ, балки дар яке аз нақшҳои марказӣ ҷалб кард. Зеро барои ӯ ҷавони мӯйлабдор лозим буд ва ман мӯйлаб доштам. Ҳамин тавр, аввалин нақши худро бозӣ кардам. Ин филм бояд дар моҳи шарифи Рамазон пахш мешуд, вале бо сабаби як ҳодисаи нохуш, филми “Як ҳадис”-ро бастанд.

-Чаро?

— Тавре гуфтам филми таърихӣ буд ва мувофиқи замон деворҳо бо машъалҳои фурӯзон оро дода шуда буданд.  Дар вақти ба наворгирӣ ду кӯдак бо машъалҳо оташбозӣ мекунанд ва аз беэҳтиётӣ ҳар ду оташ гирифта месӯзанд. Бинобар ин, ин филм баста шуд. Ҳол он ки 8 қисм сабт карда будем.

-Яъне, аввалин кӯшиши актёрии шумо бо ҳамин ба охир расид?

-Бале, вале режиссёри ин филм маро фаромӯш накард. Вақте ба Истамбул рафт маро даъват кард. Ҳамин тавр, ман ба Истанбул омадам ва аз мактаби ӯ гузаштам, яъне аз асосҳои актёрӣ огоҳ шудам. Баъди шаш моҳи ба пойтахти Туркия омаданам, як рӯз Айҳан Узен телефонӣ хабар дод, ки сабти филми нав бо номи “Қасам” оғоз шудааст ва таъкид кард, ки дар кастинги он ширкат кунам. Ҳамин тавр ман ба кастинг рафтам ва барои иҷрои нақши Вурал довталаб шудам. Баробари ман зиёда аз 100 нафар актёрони турк дар ин кастинг ширкат карданд, яъне ман шанси камтарин доштам, вале маро интихоб карданд.

-Барои шумо – актёри ҳаваскор иҷрои нақши марказӣ душвор набуд?

-Хеле душвор буд, зеро якум ман актёри касбӣ набудам, дуюм забони туркӣ забони модарии ман нест, бинобар ин, маро ҳаяҷон пахш карда буд. Вақте саҳнаи аввалро сабт мекардем, иҷрои нақш ба ман даст намедод, чанд маротиба онро ба навор гирифтем. Баъд ворид шудам. Бо вуҷуди ин вақте дар телевизион дидам, ҳамон лаҳза суст иҷро шудааст. Вақте дар раванди филмофарӣ ширкат кардам, бо актёрон як ҷо хӯрок хӯрдему суҳбат кардем, кор бароям осонтар шуд. 

-То ба имрӯз дар чанд филм нақш бозидед?

— “Як ҳадис”, ки сарнавишташро гуфтам,  “Қасам”, “Салом зебо Ватанам” ва дар як филми синамогарони Покистон бо номи “Оина” нақш офаридаам.

-Айни замон шуморо барои нақшофарӣ даъват мекунанд?

-Дар замони хурӯҷи пандемияи коронавирус пешниҳод бисёр буд, вале ман қабл аз ин вабо ба Ватан омада будам ва дар ин ҷо мондам. 

-Аз ҷониби синамогарони ватанӣ ягон пешниҳод буд?

-Не.

-Ба вазъи кунунии синамои тоҷик чӣ тавр баҳо медиҳед?

-Ман филмҳои пештараи тоҷикӣ, аз қабили “Ҳасани аробакаш”, “Рустам ва Суҳроб” ва ғайраро медонам, вале аз вазъи кунунӣ огоҳ нестам.

-Агар режиссёрҳои тоҷик шуморо ба филмҳояшон даъват кунанд, розӣ мешавед?

-Бале, вале шарти аввали ман сенарияи хуб аст. Маблағ барои ман дуюмдараҷа аст, асос сенарияи хуб бошад.

-Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба мӯйлаби шумо таваҷҷуҳ мекунанд ва ҳатто онро “Муйлаби сеҳрнок” ҳам мегӯянд…

-Бале, бояд иқрор шавам, ки маҳз ҳамин мӯйлабҳо маро ба синамо пайвастанд. Дар бахши сеюми донишгоҳ мехондам. Рӯзе як филми Кенан Имирзалиоғлуро, ки мӯйлаб дорад, дида ба хулоса омадам, ки ман ҳам мӯйлаб монам. Вале дар аввал чуноне мехостам, нашуд. Пас аз чанд муддат дубора мӯйлаб мондам ва дигар натарошидам…

-Дар Тоҷикистон филмҳои туркӣ тамошобини зиёд доранд. Пайвандони шумо ба кори актёриатон чӣ тавр баҳо медиҳанд?

-Падару модари ман аҳли ҳунар нестанд. Падарам солҳои зиёд дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак кор карда, ҳоло нафақахӯр ҳастанд.

Модарам дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара кор мекунанд. Як бародар ва ду хоҳари дигар низ дорам. Онҳо барои ман ҳуқуқи интихоб додаанд, ба кадом коре, ки шавқ дорӣ, аз пайи ҳамон шав мегӯянд.

-Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

-Мехоҳам ба Туркия баргардам ва ду-се соли дигар дар синамои турк фаъолият карда, баъдан ба Амрико равам, то ки дар он ҷо таҷриба омӯзам. Баъдан ба Тоҷикистон омада, филм ба навор гирам. Яъне, умри худро мехоҳам ба синамо бахшам…

-Дар ин кор ба шумо барор мехоҳам.

Мусоҳиб

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *