Мӯйсафедзанӣ. Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзеи онҳоро низ бояд кам-кам бикӯбӣ!

Ҳафтаи гузашта, баъди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон матлаб навиштам ва ишора кардам, ки ҳама аҳли меҳтари ҷомеа бояд дар ғами онҳо бошанд. Аммо…

Чанд рӯзи башумор пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки нафаре ҳузарб марди калонсолеро чанд мушт мезанад ва он “бечора” қариб аз пой меафтад. Навор ба андозае ҷозибаноку андешиданӣ аст, ки вақте онро бесадо гӯш мекунӣ, нахуст дар тасаввурат ваҳшонияту золимии ҷавони бадасту бозу мунъакис мешавад ва он марди солдида музлим ҷилва мекунад. Вале, чун садои наворро мешунавӣ, нафратат нисбати меҳтарон бедор мешавад.

Ростӣ, бори аввали дидани навор дили ман ҳам ба он марди муштхӯрда сӯхт. Аммо, чун садои наворро равшан кардам, дилам аз меҳтарон хунук шуд. Ҳама он алфози қабеҳу носазо, ки аз забони марди ба назар “ҷабрдида” берун меомад, дар ақл намеғунҷад.

Ёдовар мешавам, ки қабл аз ин навори дигаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Дар он навор низ ҷавоне марди солдидаро латукӯб мекард. Зери он навор шарҳҳои бешумор кошта шуданд. Бисёриҳо ба накуҳиши ҷавон пардохтанд. Дар ин миён, чун садои мушаххасе аз навор барнамеомад, нафаре тамсилан навишт, ки “баъзе мӯйсафедҳо ҳам харанд…”. Он замон аз ин нигошта ба хашм омадам. Вале ҳоло чӣ…?

Вақте навори дуюмро дидам ва дашномҳои “дастабиринҷӣ”-и мӯйсафедро ба номи модару хоҳару апаи ҷавони ҳузарб шунидам, ба тоқати ҷавон таҳсин хондам. Ба худ гуфтам, ки “агар ҷойи он ҷавон ман мебудам, мӯйсафедро муштзанӣ чӣ, ки шаттакорӣ мекардам!”. Шатта ба ҷойҳои мулоимак, масалан ба думбааш, то ин ки изаш намонаду барои ба ҷойе шикоят бурдан асос наёбад!

Албатта, наметавон бо дидани чанд навори ҳамранги намунаҳои овардаамон ҳама калонсолонро бад диду паст зад. Аммо ҳамин нафарони ангуштшумори ҳақоратчӣ ҳам худ аллакай ба руҳияи насли наврас хатару зарар доранд. Зеро, агар 10 наврас ба 1 нафар калонсоли ҳақоратчӣ пайравӣ кунанд ва агар чунин “мӯйсафедони хулиган” фаразан 100 нафар бошанд, медонед вазъият чӣ гуна мешавад? Шахсан, ман тасаввур карда наметавонам…

Пас, чӣ бояд кард? Агар чунин калонсолони носазогӯ афзудан гиранд, маҷбурем тарбияи кӯдаконро муддате як тараф мондаву ба тарбияи мӯйсафедон машғул шавем, то “мӯйсафедзанӣ” авҷ нагирад.

Дар омади гап, тавре медонем, барои тарбияи кӯдакони душвортарбия сохтори махсус вуҷуд дорад? Намешавад, ки ягон марказ барои тарбияи “мӯйсафедони душвортарбия” таъсис диҳем?

Хонандаи ин матлаб чӣ назар дошта бошад?

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *