М.Ахмедоваи кӯдакраборо зиндонӣ карданд!

Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсов – ду нафари муттаҳам ба кӯдакрабоӣ – бо қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум шуданд. Тафтишот мегӯяд, онҳо қасд доштанд, ки як духтари ҳафтсоларо аз наздикии маркази тиҷоратии «Садбарг» бидузданд

Мақомоти додгоҳ гуфтанд, Аҳмедова дар баробари «одамрабоӣ» ба «ташкили фоҳишахона дар толори маҳс» низ айбдор шуда, мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард. Исмоил Мирмахсумиён, муовини раиси Додгоҳи Шоҳмансур, рӯзи 6 декабр гуфтааст, Матлуба Аҳмедова дар меҳмонхонаи «Душанбе-Палас» чанд занро барои танфурӯшӣ ҷалб карда буд, ки зери чатри маҳсгарӣ фаъолият доштанд. Ба қавли ӯ, Раҳмоналӣ Ғиёсов, бародари шафқати 24-сола дар бемористони «Советский-1», дар ҳамдастӣ бо Матлуба Аҳмедова айбдор шуда, ҳаштуним сол мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *