Мӯъмин Қаноат хушсалиқаи Душанбе
Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик, яке аз хушсалиқаҳои пойтахт дар соли гузашта эълон шуд.
Дар баробари ӯ 49 нафари дигар, аз ҷумла операсаро Адҳам Холиқов, раиси собиқи оҳангсозон Шӯҳрат Ашӯров ва футболбози тоҷик Манучеҳр Ҷалилов ин унвонро соҳиб гардиданд. Бо ҳамин, озмуни «Хушсалиқаҳои Душанбе», маъруф ба “ТОП-50”, ки ду моҳ пеш аз тарафи Радиои Ватан оғоз ёфта буд, шаби 20 январ ба хотима расид. Радиои Ватан барои шашумин бор ин маросимро баргузор кард ва масъулонаш гуфтанд, ки панҷоҳ хушсалиқа тариқи раъйдиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ интихоб шудаанд. Дар асл 300 нафар довталаби дарёфти ин унвон дар соли гузашта буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ