Мӯъминобод: Мусодираи 24 кг 550 грамм бангдона

Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Турконии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон аз дохили мошини сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба миқдори 24 кг 550 грамм маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт карда шуд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми азназаргузаронии мошин аз бағоҷ ду борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи алафи хушккардашудаи дорои бӯи махсус дарёфт ва мусодира гардид. Тавре мутахассисони Шуъбаи ташхиси судии Агентӣ муайян намуданд, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи бангдона буда, вазни умумии он 24 кг 550 гр мебошад.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба — барои дуздӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор суд шуда будааст. Номбурда ҳангоми иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳии ҷумҳурӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ҷиноӣ пайдо намуда, минбаъд маводи нашъаоварро аз ӯ харидорӣ намудааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар ҳоли тафтиш аст. Корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқаманданд, идома доранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *