Мӯйсафеди 60-сола зани духтар мегирад

Ҳасрати зане, ки ду бор шавҳар карда, рӯйи бахтро надидааст

Меҳмони гирён

Саргарми кор будем, ки дар кушода шуд ва ҷавонзани тақрибан 35-солае маъюсона ба утоқи кории мо ворид шуда гуфт:

-Идораи газетаи «Оила» аст?

Ба меҳмон курсии рӯ ба рӯям гузошташударо нишон дода, мурооти нишастан намудам ва сабаби ташриф оварданашро пурсон шудам. Селоби ашк ба рухсори ҷавонзан ҷӯя кашид ва дар ҳоле, ки буғз гулӯяшро мефишурд, бо садои базӯр шунаво гуфт:

-Хоҳарҷон, маро бахти сиёҳ ба назди шумо овард…

Зан инони ихтиёр аз даст дода, ҳой-ҳой мегирист. Ба ӯ як пиёла об дароз кардам. Зан обро нӯшида каме ором шуд ва ба нақли саргузашти ғамангезаш шурӯъ кард…

Ятимдухтари сарсахт

Шарофат ном дорам. Падарамро дар ёд надорам, мегӯянд, ки ҳанӯз замони дусола будани ман вай ба садама гирифтор шуда, ҷавонмарг гаштааст. Мо, се ятимчаро баъди сари падарам бибию бобоямон ба тарбияи худ гирифтанд. Азбаски модарам хеле ҷавон ва бесавод буд, волидонаш ӯро дубора ба шавҳар доданд. Модарам ба хотири бахт ҳамроҳи шавҳари наваш ба ноҳияи Рашт рафту мо дар хонаи бобою бибиам мондем. Бобоям мисли падар ба мо ғамхору меҳрубон буд ва тамоми нозу нузу эркагиамро мебардошт. Мӯйсафед ман ва хоҳару додарамро бо гули чиз калон карда бошад ҳам, дилшикаста будем, зеро ҳеҷ кас наметавонад ҷойи падарро барои фарзанд бигирад.

Арӯси серхаридор

Вақте ба балоғат расидам, пушти дари бобоямро хостгор зер кард. Рӯзҳое мешуданд, ки якбора аз ду-се ҷой барои ман хостгор меомад, вале тақдиру насибам ба Ҷалол ном ҷавон будааст. Метавон гуфт, ки тӯйи мо зеботарин тӯй дар деҳаамон буд. Тамоми хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо аз тамошои мо, як ҷуфти зебои чун ду гули навшукуфта ба ҳам муносиб ва назаррабо омада, аз Худованд бароямон бахти сафед ва фарзандони дӯстрӯ хостанд ва то нимаи шаб рақсу бозӣ карданд. Хуллас, бибию бобоям маро бо обрӯ ба хонаи бахтам гусел намуда, қарзи худро дар зиндагӣ ато намуданд, аммо…

Шодии ғамолуд

Панҷ соли аввал зиндагиам бо Ҷалол бисёр ширин буд. Падару модар ва хешу табори шавҳарам маро дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд, худи Ҷалол низ дар гирдам мудом парвона буд ва намегузошт, ки поямро ба замин сахттар монам. Ягона чизе, ки хотири моро озурда месохт, бемор ба дунё омадани писарчаи деринтизорамон Меҳробҷон буд, ки баъди даводавиҳои зиёде дар соли чоруми зиндагиамон таваллуд шуд. Кӯдак нуқсондор бошад ҳам, ба додаи Худованд шукрона карда, ҳеҷ гоҳ дар дил нияти ҷудошавӣ надоштем, вале…

Қасами тақдирсӯз

Ба хонаи бобоям меҳмонӣ омада, чанд рӯз пас шунидам, ки шавҳарамро бо ҷурми дуздӣ дастгир кардаанд. Вақте Ҷалолро дар бозпурсии аввал қасам медиҳанд, мегӯяд, ки агар ин корро карда бошам, занам ба ман се талоқ. Баъдтар исбот шуд, ки ӯ ин амали нангинро анҷом додааст ва хусурам, ки марди тақводору худотарс буд, ин хабарро ба ман расонда, таъкид кард, ки мувофиқи қонунҳои шариат аз ин пас ба як болин сар ниҳодани мо тамоман номумкин аст.  Ҳамин тавр як қасами аблаҳонаи шавҳарам ҳаёти маро сӯхт ва мани бегуноҳ аз бахти аввал бенасиб гашта, бо тифлаки беморам дар хонаи бобоям мондам…

Дар  набарди зиндагӣ

Ҷалолро ба муҳлати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Аҳли оилаи онҳо ҳама бе кор буданд ва наметавонистанд дар тарбияву таъмини фарзанди беморам ба ман кӯмак расонанд. Дар хонаи бобоям низ одами пулдоре набуд, ки таъмини ману фарзандамро ба дӯш бигирад, танҳо додарам каму беш кӯмак мекарду халос. Аз шавҳар ҷудо шудани маро шунида чандин мардони соҳиби хонаю дар ва давлату савлат талабгорам шуданд, вале ба хотири он ки писаракам пеш-пеши пойи паиндар нашавад, ба худ қарор додам, ки дубора шавҳар накарда, аробаи зиндагии худ ва писарамро мустақилона ба пеш мекашам. Барои он ки писарам миннати мардумро нашунавад, рӯз то бегоҳ арақи ҷабин рехта, пул кор мекардам ва бо обилаи кафи дасту нони ҳалол фарзандамро ба воя мерасонидам….

Нонвой-меҳмонхона

Саргарми гирудори зиндагӣ нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр аз байн 10 сол гузашт. Зиндагӣ торафт вазнинтар гашта, корёбӣ душвор мешуд. Азбаски  дар шаҳр кор мекардам, маро лозим меомад, ки дар хонаи мардум иҷора нишаста, ҳар моҳ пули калон диҳам. Вақтҳои охир корам чандон бобарор  набуд ва наметавонистам пули иҷораро сари вақт пардохт намоям. Писарам акнун калонакак шуда, ниёзҳояш низ торафт калон мешуданд. Барои он ки харҷу хароҷотам камтар шуда, дар дастам барои таъмини фарзандам маблағи зиёдтар монад, пешниҳоди як шиносамро пазируфта дар ноҳияи Данғара дар як нонвойхона ба кор даромадам. Бисёриҳо ҳайрон мешуданд, ки чаро ман шаҳрро партофта ба Данғара ба кор рафтаам. Даро ҷавоби онҳо лаб газида мефаҳмондам, ки соҳиби нонвойхона ба ману дугонаам иҷозат додааст дар ҳамон ҷо хоб равем. Шабҳо дарро аз дарун маҳкам карда хоб меравем ва бо ҳамин роҳ пуламонро «эконом» карда, барои фарзандони бепадарамон хӯроку пӯшок мехарем…

Ронанда сарамро тоб доду…

Рӯзе ба аёдати писарам рафтанӣ шуда ба таксӣ нишастам. Раҳораҳ аз гап гап баромад ва ронанда ба куҷо равон буданамро пурсон шуд. Гуфтам, ки писарамро сахт пазмон шудаам, барои ҳамин дар ин бевақтӣ ба роҳ баромадам. Шавҳар надоштани маро шунида ронанда гуфт:

-Як хеши муллобашара дорам, бисёр одами хуб аст, вале зан надорад. Кампираш се моҳ пеш вафот кард. Хонаю дари обод дорад, агар ба ту хостгор фиристад, розӣ мешавӣ?

Сар ҷунбонда гуфтам:

Акаҷон, агар дилам мард мехост, 10 сол пеш дар ҷавониам шавҳар мекардам. Нисфи умрам гузашт, акнун шавҳар ба ман чӣ лозим?!

Таксист маро ба хонаамон бурда, ҳаққи хизматашро гирифта рафт. Намедонам суроғаи ҷойи кори маро ӯ аз кӣ гирифтааст, вале баъди се-чор рӯз ҳамон хеши мӯйсафеди занмурдааш кофта –кофта маро ёфт ва пешниҳоди хонадоршавӣ намуд. Гуфтам, ки ман шавҳар карданӣ нестам ва мехоҳам боқии умрамро танҳо ба фарзандам бубахшам, вале ин марди занмурда мисли сақич ба ман часпида, ҳеҷ домонамро раҳо кардан намехост…

Ваъдаҳои домоди пир

Мӯйсафед домони маро бо чормағзи пуч пур карда,  гаштаю баргашта ваъда медод, ки агар ба никоҳаш дароям, ҳеҷ гоҳ маро хору зор шудан намемонад ва хоки роҳамро ба дида мерӯбад. “Раваду фарзандонам туро чашми дидан накунанд, 5 сотих замин харида, бароят хонаи алоҳида сохта медиҳам, то ки бемалол зиндагӣ кунӣ” гуфтанаш маро ба зиндагӣ дилгарм намуд ва баъди хеле фикр кардан розӣ шудам, ки як бори дигар бахтамро бисанҷам…

Бахти дуюм

Ҳамин тавр бо амри тақдир мани 30 -сола дубора ба шавҳар баромада, риштаи тақдирамро бо марди 60- солае, ки ду баробари умри ман умр дидаасту аз зани якумаш 11-фарзанди баркамол дорад, пайвастам. Аввалҳо ҳаётам дар хонаи шавҳари навам хуш мегузашт. Фарзандони мӯйсафед маро ҳурмату эҳтиром карда, оча мегуфтанд ва дар ҳама кор аз ман маслиҳат мепурсиданд, писару келинҳояш низ нисбатам ягон беҳурматӣ намекарданд. Як кас дидану сад каси дигар барои  хандидан меояд гӯён, рӯзи дароз меҷунбидам, то ки хонаю дар ҳамеша тозаю озода бошаду ҳаққу ҳамсоя ва хешу табори мӯйсафед нагӯянд, ки зани ҷавонаш нозу-нуз карда, дасташро ба оби тар ҳам намезанад. Деҳае, ки шавҳарам дар он ҷо зиндагӣ мекунад, об надорад ва мо обро аз масофаи қариб ду километр бо сатилҳо кашонда меовардем, вале ба ин нигоҳ накарда, ҳатто дар чиллаи зимистон қолину палосҳоро ба берун бароварда дар рӯйи барф мешустам. Тозагиам балои ҷонам гашта ба дарди гурда гирифтор шудам, аммо ягон бор ба шавҳарам шиква намекардам, ки аз кору бори хонаи шумо ман касал шудам…

Бемории Шараф ҳаётамро сӯхт

Писари 24-солаи шавҳарам баногоҳ сактаи дил шуда дар ҳолати вазнин ба беморхона афтид. Падараш ва тамоми хешу табор шабҳоро дар пушти дари беморхона саҳар мекарданд, ман бошам, қариб ҳар рӯз 10-15 нони калон ва ширу ҷурғоту чака гирифта ӯро хабаргирӣ мерафтам, то мардум нагӯянд, ки моиндар асту дилаш намесӯзад. Шабҳо то саҳар Худоро зорӣ мекардам, ки раҳми ҷони ҷавони писари шавҳарамро хӯрда, ба ӯ умри дубора ато намояд ва шифояш бахшад.

Хуллас, бо инояти Худованд ва даводави табибон Шараф ба худ омад ва ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Вақте аз ӯ сабаби якбора ба ин ҳол афтиданашро мепурсанд, мегӯяд, ки ӯро ман  ба ин ҳол овардам, гӯё ба ҷойи  модараш дар канори падараш зани дигарро дида, Шараф мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхтаасту инро ба касе нагуфтааст. Фарзандони шавҳарам ҳамин гапро дастак карда, дар назди падарашон шарт гузоштаанд, ки аз ду якеро интихоб кун: мо ё занат! Шавҳарам ба рӯйи фарзандонаш по гузошта натавониста, маро бе ягон айбу гуноҳ ба хонаи паиндарам оварда монд…

Дили мӯйсафед духтари хона мехоҳад

Ягона гуноҳе, ки ман дар назди фарзандони шавҳарам содир намудаам, ин аз ҳад зиёд барои тозагии хонаю дар кӯшиш карданам аст. Ягон бор ба онҳо гапи сахт назадаам, лаънат нагуфтаам, барои ягон чиз баҳсу талош накардаам, вале духтарҳои шавҳарам, ки пештар маро оча мегуфтанд, имрӯз душмани ҷонам гашта, бо баҳонаи аз ғам ба сактаи дил гирифтор шудани додарашон падарашонро маҷбур карда истодаанд, ки талоқи маро диҳад. Худованд Шарафро ба ин дард гирифтор намуда, касал карда бошад, пас айби ман чӣ?

Шавҳари мӯйсафедам шарм надошта, ошкоро мегӯяд, ки фарзандонаш мехоҳанд ӯро зани духтар диҳанд. Дили ин пиракӣ бо зани аз вай  30 сол хурд об нахӯрда  будаасту акнун мехоҳад ягон духтараки ҳамсоли набераашро ба занӣ бигирад. Куҷост инсоф ва шарму ҳаёву одамгарӣ?! Наход марде, ки пояш ба лаби гӯр расидаасту набераҳояш арӯсӣ шудаанд, ҳаваси зани духтар гирифтан кунад?

Таънаи мардум маро бе корд мекушад

Хонандагони азиз, шояд шумо ҳайрон шавед, ки чаро ман барои ин мӯйсафед ин қадар ғам хӯрда, худро обу адо карда истодаам, вале гап дар сари нангу номус аст. Вақте аз шавҳари якумам ҷудо шудам, чандон ғам нахӯрда будам, чунки ҳама хешу табор медонистанд, ки айб дар ман не, дар падари фарзандам аст, ки бо зансеталоқ қасам хӯрда, хонаи ҳалолашро ҳаром кард. Дубора бе ягон айбу гуноҳ аз бахт бенасиб гашта, ман дигар ба рӯйи мардум нигоҳ карда наметавонам. Гумон мекунам, ки ҳама ба ҳолам хандида мегӯянд, ин занак, агар одами хуб мебуд, аз ду шавҳар ҷудо намешуд, ягон айб дорад, ки ҳатто ҳамон мӯйсафед ҳам бо ӯ зиндагӣ кардан нахост. Намедонам ин сари сахт ва бе бахтамро ба куҷо занам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунаму аз кӣ имдод талабам?

Шарофати сиёҳбахт

 Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *