Мағлубияти аламовар аз “Ювентус”, интиқоди Моурино аз Шомуродов (аудио)

Дар Рим «Ювентус» дар бозии даври 21-уми чемпионати Италия бар тими «Рома» бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.

Сармураббии тими “Рома”-и римӣ Ҷозе Моурино натиҷаҳои мағлубиятро натиҷагирӣ кард.

«Мо бозиро 70 дақиқа пурра назорат кардем. Даста воқеан хуб бозӣ кард. Вале баъди ин 70 дақиқа нокомии равонӣ ба вуҷуд омад. Голи дуюмро «Ювентус» ба мо зад. Феликс Афена-Гян бозии олиҷаноб анҷом дод, ки барои ӯ бар зидди Куадрадо зарба буд. Ман ӯро иваз кардам, вале бозигари ба ҷои ӯ омада — Шомуродов ноком шуд. Мо ба ҳариф имконият додем, ки ҳисобро 2:3 кунад — ҳарифе, ки хислати пурзӯр дорад. Нишонаҳои тарсовари равонӣ пайдо шуданд. Барои ман чунин ҳисоб аҳамияте надорад, аммо барои даста мушкил шуд. Вақте ки дар лой мелағжеду меафтед, бояд ба по хеста, хислати худро нишон диҳед. Аммо дар доираи мо одамони хеле нарм ва заиф ҳастанд. Ман аллакай ба бозигарони худ гуфтам, ки агар бозӣ дар дақиқаи 70-ум анҷом меёфт, як бозии хубе мебуд. Мутаассифона, он вақт бозӣ ба охир нарасид”,- мегӯяд мураббии “гургҳо”.

Бояд гуфт, ки дар рӯйхати мусобиқаҳои силсилаи А «Ювентус» бо 38 имтиёз дар зинаи 5-ум ва «Рома» бо 32 имтиёз дар ҷойи 8-ум қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *