Мақбараи Муҳаммади Башоро ба таъмир ниёз дорад
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ёдгории меъмории асрҳои XI-XIV, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башороро, ки дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, зиёрат намудам.
Мақбара мураккабсохт буда, аз хонаҳои дарун ба дарун иборат аст. Дар дохили он ҳудуди 7 қабр ҷойгир шудааст ва оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро дар қисми ғарбии мақбара воқеъ аст.
Қисмати асосии бино дар асрҳои IX-X сохта шуда бошад ҳам, як қисми дигари он баъд аз 3 аср бунёд шудааст. Ин бино баъди мақбараи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар минтақа қадимтарин мақбара ба ҳисоб меравад.
Даромадгоҳи мақбара бо нақшунигор ва катибаҳо оро дода шудааст. Маҳз дар ҳамин катибаҳо соли ба охир расидани сохтмон нишон дода шудааст, ки ба 741-и ҳиҷрӣ ё 1342 – 1343-и мелодӣ рост меояд.
Мақбараи мазкур замоне ба ҳайси масҷид хидмат мекард.
Бо вуҷуди он ки мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро ҳанӯз побарҷост, вале дар ҳолати риққатовар қарор дошта, ба таримими куллӣ ниёз дорад. Гарчанде болои он барои осеб надидан аз барфу борон аз ҷониби сокинони деҳа болопӯш шудааст, вале деворҳои бино фарсуда шуда, ҳавливу саҳни он низ ба таъмир ниёз дорад.
Сокинон вақте ба зиёрати мақбара меоянд, ҳатман аз қадамҷойи Хоҷа Муҳаммади Башоро дидан мекунанд, ки аз мақбара дур аст ва барои расидан ба он ҷо роҳи муносибе нест.
Дар «Солҳои рушди деҳот ва сайёҳӣ», ҳамчунин таҷлили 5500 — солагии Саразм бояд ин мақбара ҳар чӣ зудтар таъмир шавад, зеро боварӣ дорам, ки сайёҳони зиёде аз ин минтақа дидан хоҳанд кард…
Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ