Мақоланависии омӯзгорон тақозои ҳуҷҷати расмист
Муҳаммадалӣ Азизӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар мавриди шикояти бархе аз омӯзгорон, ки ҳангоми гузаштан аз аттестатсия чопи мақола дар нашрияҳо талаб карда мешавад, посух гуфт.
Номбурда дар суҳбат ба нашрияи “Омӯзгор” гуфтааст, ки “Аттестатсияи омӯзгорон комилан дар иртибот ба ҳуҷҷати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Мо ҳуқуқи аз доираи муқаррароти он берун рафтан надорем. Ҳамчунин, талаб мешавад, ки омӯзгор дар конфронсу семинарҳо маърӯза карда бошад ва муаллифи мақолаҳои методӣ бошад. Яъне мақоланависии омӯзгорон аз ҷониби сарраёсати маорифи шаҳр ё ягон корманди масъули он муқаррар карда нашудааст, он тақозои ҳуҷҷати расмист.
Мо аз омӯзгорон талаб кардем, ки дар 5 соли давраи аз аттестатсия гузаштанашон дар нашрияҳо 5 мақолаи методӣ ба табъ расонанд ва акнун, ки аз аттестатсия дар ҳар 3 сол як маротиба мегузаранд, бигзор, 3 мақола дар ин давра иншо намоянд.
Ончунонки дар ҳуҷҷати зикрнамудаамон омадааст, омӯзгорон бояд асосан мақолаи методӣ нависанду ба нашр расонанд ва ба комиссияи аттестатсионӣ пешниҳод кунанд, вале мо ҳангоми аттестатсия ҳама гуна нигоштаҳои нашршудаи онҳоро (ҳатто, хабару мақолаҳои ғайриметодиашонро) пазируфтему ба инобат гирифтем.
Шахсан ман ҷонибдори онам ва сидқан таманно дорам, ки омӯзгор эҷодкор бошад, аз таҷрибааш, дар заминаи мушоҳидаву бардоштҳояш, вобаста ба андешаву афкораш мақолаҳои методӣ навишта тавонад.
Ба суоли журналисти “Омӯзгор” дар навиштаҳои журналистон ва дар гуфтугузорҳои алоҳида аз он изҳори нигаронӣ мешавад, ки қисмате аз омӯзгорон ба ивази маблағ соҳибмақола мешаванд, яъне ба соҳибқаламе маблағи муайян медиҳанду ӯ барояшон мақолае иншо мекунад”. Чунин посух додааст.
-Ин гуфтаҳо, мутаассифона, асос доранд. Чунин рафтор бешарафист, бемасъулиятисту аз танбалии омӯзгорони алоҳида ва қобилияти костаи онҳо дарак медиҳад. Масалан, дар рафти аттестатсия аз мавзӯъ ва мазмуни мақолаҳои онҳо суҳбат намоем, худ маълум аст. Мо мекӯшем, ки чунин омӯзгоронро ошкор созему ба онҳо баҳои воқеӣ бидиҳем.
Зимнан, чандест, ки мақоланависии омӯзгорон мавзӯи хабарсози расонаҳо гаштааст ва эътирозу норозигии омӯзгоронро хеле зиёд ба бор овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ