Мақоми Исфара: Оташзанӣ аз ҳарду ҷониб буд

Айни чунин ҷиноятҳо аз ҷониби сокинони кишвари ҳамсоя низ содир шудааст, вале ин созмон онҳоро зикр накардааст

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч (HRW) ба таҳқиқи таъҷилии муноқиша дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард.
Ин созмон гуфтааст, ки “нерӯҳои амниятии ҳарду кишвар бояд аз содир кардани ҷиноят алайҳи шаҳрвандони мулкӣ ва амволи онҳо пешгирӣ кунанд”.
Дидбони Ҳуқуқи Башар дар хабарномаи худ навиштааст, ки дар наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ оташ задани манзилҳои зисти сокинонро мушоҳида кардааст. Ӯ гуфтааст, ду кишвар бояд ин ҳодисаҳоро фавран таҳқиқ кунанд ва чора андешанд.
Ин созмон бо такя ба гузориши расонаҳо навиштааст, ки “17 хона дар деҳаи Кок-Терек дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон сӯхтаанд ва манзилҳои дигар дар чанд деҳаи ноҳияи Лейлек оташ зада ё хароб шудаанд”.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, дар наворҳое оташ задани манзилҳои зист ва тахриби биноҳо аз ҷониби тоҷиконро дидаанд.
Як мақоми ҳукумати шаҳри Исфара бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 1-уми май гуфт, ки гузориши ин созмон яктарафа нашр шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, айни чунин ҷиноятҳо аз ҷониби сокинони кишвари ҳамсоя низ содир шудааст, вале ин созмон онҳоро зикр накардааст.
Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28-29-уми апрел муноқиша рӯх дод. Низои охир баъд аз он сар зад, ки як гурӯҳи хурди шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хостанд, дар Маркази обтақсимкунии «Головной» дар марзи Чоркӯҳу Кок-Тош дастгоҳҳои наворбардорӣ насб кунанд. Ин марказ обро ба каналҳои обгузари Қирғизистон ва Тоҷикистон тақсим мекунад.
Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 31 нафар ва маҷруҳ шудани 154 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 13 қурбонии муноқишаро дар марз бо Қирғизистон маълум кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *