Мақоми нави Давлат Сафар дар Вазорати фарҳанг

Давлат Сафар, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ то ин замон директори нашриёти “Адиб” буд.

Давлат Сафар дар як тамоси телефонӣ бо Pressa.tj таъин ба мақоми навашро  тасдиқ кард.

Давлат Сафар дар ин вазифа ба ҷои Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ки 19 июни соли равон бо аломатҳои бемории коронавирус даргузашта буд, таъйин шудааст. Қурбоналӣ Абдураҳимзода  ҳамагӣ 57  сол дошт.

Давлат Сафар, муовини нави вазири фарҳанги Тоҷикистон 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1988 мактаби миёнаи №7 — и зодгоҳаш, соли 1993 факултаи химия ва биологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз карда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштааст. Аз ҷумла солҳои 2012-2014 дар мақоми директори генералии КВД “Тоҷиккино”, аз соли 2014 ба ҳайси сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аз соли 2019 ба ҳайси мудири нашриёти “Адиб” кор кардааст. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои “Пайғоми ишқ” (1998), “Шеъи гаҳвора” (2010), “Шаҳбол” (2010), “Авҷи парвоз” (2011), “Дурахши истиқлол” (2011), “Девони ашъор” (Кобул, 2013), “Исёни ғурур” (2013) ва ғайра гирд оварда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *