Мақоми нави собиқ вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода

Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки моҳи августи имсол, баъди ба гуфтаи мақомот «қасди худкушӣ», аз мансаб барканор шуд, муовини раиси намояндагии ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) таъин шудааст. «Озодӣ» дар такя ба сомонаи расмии ширкат навишт, ки ӯ масъулияти нигоҳдории роҳҳоро ба уҳда дорад.

Ин дар ҳолест, ки Худоёрзода дар замони вазири нақлиёт будан аз кори IRS, мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, танқид карда, гуфта буд, «аз бемасъулиятии кормандони ширкат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд ва мошинҳо то ду-се соат дар навбат меистанд». Вале пас аз се моҳи он дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон аз кори ширкат ситоиш кард ва афзуд, «агар ин роҳ пулакӣ намешуд, нигоҳдории онро дар сатҳе, ки ҳоло аст, наметавонистем иҷро кунем.»

Ширкати офшории IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009, нигоҳубини ягона роҳро ба шимоли Тоҷикистон дар ихтиёр дорад. Ширкат дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ — насб карда, барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмат мегирад.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *