Мақомоти Туркманистон ба хайрхоҳон иҷозат намедиҳад, ки ба сокинони осебдида кӯмак намоянд

Мақомоти Туркманистон намехоҳад ба сокинони Лебап, ки аз офати табиӣ зарар диданд, кӯмак намояд. Ба ҳамин хотир, сокинини шаҳри   Ишқобод маҷбур шуданд аз ҳисоби худ ба хонаводаҳои зарардида пинҳонӣ дасти ёрӣ дароз намоянд. Аммо мақомот бо ҳар роҳе талош доранд, ки пеши роҳи ин кӯмакҳоро бигиранд. Дар ин бора “Озодӣ” хабар медиҳад.

Тавре як манбаъи он аз шаҳри Ишқобод хабар медиҳад:

«Сокинони Ишқобод пинҳонӣ, бо риояи эҳтиёткорӣ, ба таври худҷӯш кӯмак ҷамъоварӣ карда, тариқи қатора ба сокинони офатзадаи Туркманобод ирсол мекунанд».

Бояд гуфт, ки кӯмакҳои сокинони Ишқобод асосан аз либос, маводи ғизоӣ иборатанд.

«Мардум нисбат ба ҳукумат хайрхоҳтар аст, ки ҳамдигарро дар рӯзи вазнин танҳо нагузоштанд», — гуфтааст сокине, ки нахостааст номаш зикр шавад.

Ҳукумати Туркманистон бо гузашти як моҳ аз офати табиӣ ҳамоно рух додани онро пинҳон медорад. Шамоли сахт рӯзи 27-уми апрел дар вилоятҳои Лебап ва Марии Туркманистон харобӣ овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *