Маҳалгароӣ Қутбиддинзодаро равонаи зиндон кард
Як сокини шаҳри Норак барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба муддати 3 сол зиндонӣ шуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти Суди вилояти Хатлон хабар доданд, 11 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон сокини шаҳри Норак Қутбидинзода Кадриддин Фархудини 19- сола бо ҳукми суди вилоят бо моддаи 189 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ се сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шуд.
Ҳамзамон, дар асоси сархати дуюми моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019, таҳти №1648 муҳлати адонагардидаи ҷазо нисбати Қутбидинзода Қадридин Фархудин аз ду як ҳисса кам карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ