Маҳаллаи Ховарон соҳиби мактаби нав шуд
Имрӯз, 27 август бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 мавриди истифода қарор дода шуд.
“Зимни боздид аз муассисаи муосири таълимӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он аз 4 ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, ки дар арафаи соли нави хониш кушода шуд, дорои 72 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлис бо 500 ҷойи нишаст мебошад.
Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннӣ илмҳои дақиқ, технологияи информатсионӣ ва дигар донишҳои заруриро мутобиқ ба талаботи замон аз худ намоянд.
Гуфта мешавад, ки дар маҳаллаи Ховарон, ки навбунёд аст, норасоии муассисаҳои таълимӣ аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Фарзандони сокинони ин гӯшаи пойтахт то бунёди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9 барои таҳсил тақрибан 3 километр роҳро тай мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ