Маҳбусоне, ки барои “лайк” гузоштан зиндонӣ шудаанд, озод мегарданд
Бар асоси Қонун “Дар бораи афв”, ки дар парлумони Тоҷикистон тасвиб гардид, беш аз 20 ҳазор нафар мавриди афв қарор мегиранд.
Лоиҳаи Қонун “Дар бораи афв”-ро,ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон рӯзи 16 октябр барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон фиристода буд, имрӯз, 25 октябр дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул шуд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, шоми 25 октябр Эмомалӣ Раҳмон Қонун “Дар бораи афв”-ро имзо кардааст.
Ба эътиқоди вакилони парлумон тафовути Қонуни мазкур аз қонунҳои қаблии афв зиёд будани теъдоди афроди мавриди афв ва татбиқи ин санади ҳуқуқӣ барои маҳбусонест, ки барои узвият дар ҳизбҳои мамнӯъ зиндонӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Мавлуда Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагон барои аввалин бор Қонуни афв барои маҳбусоне татбиқ мешавад, ки бар асоси моддаи 307 равонаи маҳбас шудаанд.
Модда 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷиноятҳоеро назири даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), узвият дар иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидоштаро дар бар мегирад.
Хонуми Мирзозода таъкид кард, ҳамакнун тибқи Қонуни афви феълӣ шахсоне, ки ба далели нофаҳмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи мамнӯъ “лайк” гузоштаанд, аз маҳбас озод хоҳанд шуд.
Ӯ таъкид кард, ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ дар қонунҳои пешинаи афв, аз ҷумла, Қонун “Дар бораи афв” дар соли 2016 шомил нашуда буд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон шомил шудани ин моддаро дар Қонун “Дар бораи афв”-и соли ҷорӣ нишонаи боризи сиёсати инсондӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, ба ҳангоми баррасӣ ва тасвиби Қонуни афв масоили марбут ба таъмини зиндониёни озодшуда бо ҷойи кор ва мусоидат ба мутобиқшавии онҳо ба ҳаёти осоишта матраҳ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ