Маҳбусони тоҷикистонӣ дар зиндони Мордовия гуруснашинӣ эълом карданд

Наздики 70 зодаи Тоҷикистон, ки дар зиндони деҳаи Сосновкаи Мордовия адои ҷазо мекунанд, дар пайи муносибати бераҳмонаи зиндонбонон гуруснашинӣ эълом кардаанд.

Ба гуфтаи хешовандони зиндониён, баъди роҳбари зиндон таъйин шудани Сергей Саргушкин шароити нигаҳдорӣ сахттар шудааст. Вақтҳои охир муносибати бераҳмона нисбати зиндониён шиддат гирифтааст, мегӯянд наздикони зиндониён.

«Ҳолатҳое буд, ки ҷойнамозҳои зиндониёнро ҷамъ оварда, дар ҳоҷатхона мепартофтанд ва ин боиси норизоии маҳбусон мешуд», — гуфт яке аз хешовандони зиндониён.

Давоми 5 моҳи охир ин бори дувум аст, ки маҳбусон гуруснашинӣ эълом мекунанд. Моҳи июни соли ҷорӣ наздики 60 тан аз зиндониён даст ба гуруснашинӣ заданд. Онҳо аз шиканҷа шудан шикоят карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *