Маҳмадӣ Исоев: Дар соли 2024 самаранок фаъолият мекунем
Сиёсати андоз яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд. Ин ҷанбаҳои муҳим аз ҷониби роҳбарияту кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ ба эътибор гирифта шуда, пайи роҳандозияшон чораҳои амалӣ андешида мешавад.
Бино ба иттилои сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадӣ Исоев, дар соли 2023 супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстӣ, амру фармонҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андози вилояти Хатлонро роҳнамои фаъолият қарор дода, нисбати вазифаҳои ба зимма гузошташуда доир ба иҷро намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва вусъат бахшидан ба рушди иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ тадбирҳои мушаххас андешидаанд.
Иҷрои нақшаи андозҳо
Зикр гардид, ки дар соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 107,1% таъмин гардида, ба ҷойи 58411,0 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 62591,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 4180,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои ҷамъоваригардидаи воқеан дар ҳамин давраи соли 2022 ба буҷет пардохтшуда ба маблағи 10831,4 ҳазор сомонӣ ё баробар ба 121,0% мебошад.
Иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ 106,0% таъмин гардида, ба ҷойи 48409,8 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 51398,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 2988,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои ҷамъоваригардидаи воқеан дар ҳамин давраи соли 2022 ба буҷет пардохтшуда ба маблағи 9197,7 ҳазор сомонӣ ё баробар ба 121,7% бештар мебошад.
Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 112,0% таъмин гардида, ба ҷойи 10002,3 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 11193,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 116 9,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои ҷамъоваригардидаи воқеан дар ҳамин давраи соли 2022 ба буҷет пардохтшуда ба маблағи 1627,0 ҳазор сомонӣ ё баробар ба 117,0% бештар мебошад.
Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 105,2% таъмин гардида, ба ҷойи 13848,0 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 14580,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 732,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои ҷамъоваригардидаи воқеан дар ҳамин давраи соли 2022 ба буҷет пардохтшуда ба маблағи 2252,8 ҳазор сомонӣ ё баробар ба 120,8% бештар мебошад.
Дар соли 2023-юм нақшаи 7 намуди андози дар нақша пешбинишуда пурра таъмин карда шудааст.
Бақияи қарзи андозҳо
Бино ба гуфтаи Маҳмадӣ Исоев, масъалаи бақияи қарзи андозҳо яке аз масъалаҳои асосии мавриди назари мутахассисони Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Дар аввали соли 2024 бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андоз дар маҷмуъ 5 миллиону 363 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли гузашта ба маблағи 74,6 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андосупорандагони қарздор дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии 163 адад андозсупоранда огоҳиномаи қарздорӣ ба маблағи 3099,0 ҳазор сомонӣ ирсол гардида, аз ин ҳисоб 1840,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 59,4% маблағи огоҳиномаҳоро ташкил медихад.
Дар соли 2023 нисбати 105 адад андозсупорандагони қарздор 119 адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 3031,4 ҳазор сомонӣ қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба даромади буҷет маблағи 2414,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 79,6%-и маблағи қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз нисбати 128 ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи 256,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 116,1 ҳазор сомонӣ ва ё 45,3% ба даромади буҷет рӯёнида шудааст, ки аз он ҷумла тибқи моддаи 620, 623 КҲМ ҶТ нисбати 45 нафар роҳбарон барои сари вақт пардохт накардани андози иҷтимоӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардидааст.
— Мо кормандони нозироти андоз уҳдадор мешавем, ки дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, кӯшиш менамоем, ки дар соли 2024 самаранок фаъолият намуда, вазифаҳои ба зимма доштаамонро доир ба пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» иҷро намоем,- мегӯяд сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадӣ Исоев.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ