Маҳмадалӣ Қурбонзода: Донишгоҳи мо –роҳ ба сӯи орзуҳо
Довталабони азиз, шумо воқеан ҳам, ҷавонони саодатманди даврони Истиқлоли давлатӣ буда, имкониятҳои зиёд доред, ки дар бонуфузтарин мактабҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсил карда, соҳибкасбу соҳибмаълумот гардед ва ҳамчун мутахассиси варзида Ватани маҳбубамонро дар оянда низ ободтару зеботар гардонда, обрӯю эътиборашро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоред.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумо — ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа ҳастед, эътимоди комил доранд. Чунин суханони Роҳбари давлат: “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад”, далели таваҷҷуҳи хосса ва ѓамхорї нисбат ба шумо ҷавонони кишвар аст.
Довталабони гиромӣ, имрӯз ҳар яки шумо дар андешаи интихоби касб ва интихоби мактаби олӣ ҳастед. Мусаллам аст, ки шумо қабл аз ҳама, донишгоҳ ё донишкадаеро интихоб хоҳед кард, ки ба талаботи давру замон ва стандартҳои байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯ бошад.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ), ки 34 сол қабл арзи ҳастӣ карда буд, аз ҳамин гуна мактабҳои олии кишвар маҳсуб ёфта, барои ҷумҳурӣ ва берун аз он дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва гумруку ҳуқуқ мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир тайёр менамояд.
ДДТТ на танҳо дорои шароити хуби таълиму тарбия, заминаи мустаҳками моддӣ-техникӣ, иқтидори кадрӣ, синфхонаю озмоишгоҳҳои бо компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазгардонидашуда, балки соҳиби ҷоизаҳои «Сифати аврупоӣ», «Муассисаи беҳтарини Аврупо» буда, соли 2012 дар ҷумҳурӣ нахустин шуда соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидааст. Охирҳои соли 2019 бошад, 4 барномаи магистрӣ ва 2 барномаи бакалавриати донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Дар раддабандии макотиби олии кишвар, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф муайян кардааст, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мавқеи 4-умро ишғол намудааст, ки ин боиси ифтихор аст.
Довталабони гиромӣ, боварӣ дорам, ки шумо ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро интихоб менамоед ва имтиҳонҳои марказонидашударо аз тариқи Маркази миллии тестӣ бомуваффақият супорида, донишҷӯи донишгоҳ мегардед.
Дар ин роҳ ба ҳар кадоми шумо барору комёбӣ орзу дорам.
НАҚШАИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022
№ | Рамз | Ихтисос | Шакли таҳсил | Намуди таҳсил | Забони таҳсил | Нақшаи қабул |
1. | 1-91010101 | Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
2. | 1-910201 | Сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
3. | 1-250103 | Иқтисодиёти ҷаҳонӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 75 |
4. | 1-250103 | Иқтисодиёти ҷаҳонӣ | рӯзона | пулакӣ | англисӣ | 25 |
5. | 1-250104 | Молия ва қарз | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 75 |
6. | 1-250104 | Молия ва қарз | рӯзона | пулакӣ | англисӣ | 25 |
7. | 1-25010402 | Кори бонкӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 75 |
8. | 1-25010403 | Андоз ва андозбандӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 75 |
9. | 1-25010404 | Суғурта | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
10. | 1-250105 | Омор | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
11. | 1-25010705 | Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 50 |
12. | 1-25010717 | Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
13. | 1-25010720 | Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хизматрасонӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
14. | 1-25010731 | Иқтисодиёти бизнеси электронӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
15. | 1-25010732 | Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
16. | 1-250108 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 75 |
17. | 1-250108 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит | рӯзона | пулакӣ | англисӣ | 25 |
18. | 1-25010801 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 50 |
19. | 1-250109 | Молшиносӣ ва муоинаи мол | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
20. | 1-25011004 | Фаъолияти тиҷоратӣ дар бозори берунӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
21. | 1-250111 | Аудит ва ревизия | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 50 |
22. | 1-250112 | Информатикаи иқтисодӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
23. | 1-26020101 | Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
24. | 1-260202 | Менеҷмент | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 50 |
25. | 1-26020222 | Менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
26. | 1-260203 | Маркетинг | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 50 |
27. | 1-40010202 | Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисод) | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
28. | 1-890101 | Саёҳат ва меҳмондорӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
29. | 1-960101 | Хадамоти гумрукӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 100 |
30. | 1-96010103 | Бехатарии иқтисодӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
31. | 1-23010205 | Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ) | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 50 |
32. | 1-23010103 | Ташкили робитаҳои байналмилалӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
33. | 1-24010204 | Ҳуқуқи андозу бонкӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
34. | 1-24010205 | Ҳуқуқи гумрукӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
35. | 1-24010216 | Ҳуқуқи иттилоот | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
36. | 1-24010104 | Ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ, русӣ | 50 |
37. | 1-240103 | Ҳуқуқи иқтисодӣ | рӯзона | пулакӣ | тоҷикӣ | 50 |
38. | 1-250103 | Иқтисодиёти ҷаҳонӣ | фосилавӣ | пулакӣ | русӣ | 25 |
39. | 1-250104 | Молия ва қарз | фосилавӣ | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
40. | 1-25010402 | Кори бонкӣ | фосилавӣ | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
41. | 1-25010403 | Андоз ва андозбандӣ | фосилавӣ | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
42. | 1-25010705 | Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо | фосилавӣ | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
43. | 1-250108 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит | фосилавӣ | пулакӣ | русӣ | 25 |
44. | 1-260202 | Менеҷмент | фосилавӣ | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
45. | 1-890101 | Саёҳат ва меҳмондорӣ | фосилавӣ | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
46. | 1-960101 | Хадамоти гумрукӣ | фосилавӣ | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
47. | 1-240103 | Ҳуқуқи иқтисодӣ | фосилавӣ | пулакӣ | тоҷикӣ | 25 |
Ҳамагӣ: | 1700 |
Рамзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №106 мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ