Маҳмадшоҳ Гулзода: Тирамоҳ ба бинои нав мекӯчем

Бинои асосии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли равон ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба таъкиди ректор, иншоот аз се бинои 9 ва 4-ошёна иборат буда, дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисӣ барои 1680 ҷойи нишаст ва ошхонаи замонавии дуошёна барои 600 ҷойи нишаст барои омӯзгорону донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.

«Ҳоло дар атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру ободонӣ идома доранд»,- афзуд Маҳмадшоҳ Гулзода.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми апрели соли 2017 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои асосии таълимӣ оғоз бахшида буданд. Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳраки «Шифобахш», воқеъ дар хиёбони Абӯалӣ ибни Синои пойтахт ҷойгир мебошад.

Маблағи умумии сохтмони бинои асосӣ аз рӯи ҳисоби пешакӣ 85 млн 416 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *