Маҳмадтоир Зокирзода дар ҳамоишҳои Санкт-Петербург ширкат мекунад

Маҳмадтоир Зокирзода Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июл дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок мекунад. Дар ин бора Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон бо даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар ин ҷаласа, ки рӯзҳои 10-14 июли соли равон баргузор мегардад, дар Федератсияи Русия қарор доранд.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон бо даъвати Русия дар Санкт-Петербург дар Анҷумани парлумонии БРИКС дар шакли васеъ иштирок хоҳад дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *