Маҳмуди Аҳмадинажод: Ман ба зиндонӣ шудани инсон мухолифам! Собиқ президенти Эрон аз дирӯзу имрӯз гуфт

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз ҳеч амалу гуфтаи худ дар замони раёсати ҷумҳурияш пушаймон нест. Суҳбат рӯзи 16-уми сентябр баргузор шуд. Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд ва бештар бо изҳороти ҷанҷолбарангезаш дар масоили байналмилалӣ шуҳрат дошт.

Гулноз Исфандиёрӣ: Оё ахбори хушунатҳо дар Эрон ҳам Шуморо нороҳат мекунад? Ҳамин чанд моҳ пеш чандсад нафар дар тазоҳурот кушта шуданд, дар байнашон кӯдакҳо буданд. Дар интихоботи соли 2009, даври дувуме, ки Шумо интихоб шудед, тақрибан 60 нафар кушта ва садҳо нафар дастгиру шиканҷа шуданд.

Маҳмуди Аҳмадинажод: Бале, усулан ҳар инсоне дар ҳар нуқтаи ҷаҳон, ки дучори мушкил шавад, бояд нороҳат шуд, магар Шумо нороҳат намешавед?

Гулноз Исфандиёрӣ: Аммо он вақт чизе нагуфтед, эътирозе накардед…

Маҳмуди Аҳмадинажод: Эълом кардам. Мустанад маълум ва мавҷуд аст. Ҳоло соли 2020 аст, ёздаҳ сол гузаштааст, бояд дар фикри масоили имрӯз бошем.

Гулноз Исфандиёрӣ: Мирҳусейн Мусавӣ, Заҳро Раҳнавард ва Меҳдии Каррубӣ қариб 9 сол аст, ки дар ҳасри хонагӣ ба сар мебаранд. Аз тарафдоронашон шунидем, ки хостори озодии онҳо шудаанд. Назаратон чист, бояд рафъи ҳаср шаванд?

Маҳмуди Аҳмадинажод: Ман бо ҳасру зиндонӣ шудан ва маҳдудият барои ҳар инсоне дар курраи замин мухолифам. Инро борҳо эълон кардаам.

Гулноз Исфандиёрӣ: Дар давраи раёсати ҷумҳурии Шумо вазорати иттилооти Эрон ба ҳамкорони мо дар Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигари форсизабон фишор оварда, хонаводаҳояшонро бозҷӯйӣ ва азият карданд. Фикр мекунед, фишор ба расонаҳо сиёсати дурусте аст?

Маҳмуди Аҳмадинажод: Дар бораи ончи Шумо иддао мекунед, ман иттилое надорам.

Гулноз Исфандиёрӣ: Ин иддао нест, ин ҳақиқат аст, оқои Аҳмадинажод.

Маҳмуди Аҳмадинажод: Ва ҳар ончи худатон мегӯед, мегӯед ҳақиқат аст.

Гулноз Исфандиёрӣ: Ин иттифоқ уфтодааст. Инро ҳама медонанд.
Маҳмуди Аҳмадинажод: Ман ҳеч вақт ба касе иҷоза надодаам, ки музоҳими касе шавад ё ҳаққи касеро поймол кунад, ё касеро таҳти фишор қарор бидиҳад.

Гулноз Исфандиёрӣ: Оё дар давраи раёсати ҷумҳуриятон коре кардед ва ё ҳарфе задед, ки алъон аз он пушаймон ҳастед?

Маҳмуди Аҳмадинажод: На, чаро пушаймон бошам. Корҳо бар асоси усул ва барномаву андеша буд. Ҳамаи кори мо дар ҷиҳати иттилооти Эрон ва сулҳу дӯстӣ дар ҷомеаи башарӣ будааст.

Гулноз Исфандиёрӣ: Ба зудӣ интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико баргузор мешавад. Беҳтар медонед, кӣ баранда шавад: Доналд Трамп ё Ҷо Байден?

Маҳмуди Аҳмадинажод: Барои ман фарқе намекунад. Чаро бояд фарқ кунад, ки чи касе дар Амрико раъйи бештар мегирад. Ин масоили дохилии Амрикост. Муҳим сиёсатҳои байнулмилалии Амрико аст, ки бо тағйири руасои ҷумҳурӣ тағйире намекунад. Мо дунболи тағйири ин сиёсатҳо ҳастем.

Гулноз Исфандиёрӣ: Бипардозем ба навиштаҳои Шумо дар Твиттер, ки сарусадо барпо мекунанд. Ба англисӣ менависед. Инҳоро худатон менависед ё касе роҳнамоӣ мекунад?

Маҳмуди Аҳмадинажод: Табиист, ки бо дӯстонам машварат мекунам. Мавзуъҳои муҳими минтақаӣ ва ҷаҳонӣ пешниҳод медиҳанд, онҳоро феҳрист мекунем, матн таҳия мекунем ва баъд мегузорем.

Гулноз Исфандиёрӣ: Барои дастрасӣ ба Твиттер аз чӣ нав филтршикан истифода мекунед? Твиттер дар Эрон бастааст. Фикр кунам, дар замони раҳбарии Шумо маҳдуд шудааст, не?

Маҳмуди Аҳмадинажод: Ба ёдам намеояд. Онҳое, ки филтр мекунанд, филтршикан мефурӯшанд, муҳим нест, фақат як ҳазина изофа мекунанд.

https://www.rferl.org/a/iran-former-president-ahmadinejad-interview/30844489.html

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *