Маҳмуди чӯпон, собиқ президенти Эрон

Дар ахбори ҳаррӯза мо президентҳоро бо костюмҳои гаронбаҳо ва зебо мебинем, ки арзиши онҳо аз маоши як шаҳрванди оддии кишварашон якчанд маротиба баландтар аст. Онҳо танҳо бо мошинҳои навтарин ва боҳашамат сафар мекунанд ва вақти фароғати худро дар истироҳатгоҳҳои бонуфуз мегузаронанд.

Аммо мисолҳое ҳаст, ки исбот мекунанд, ки ҳама чиз метавонад баръакс бошад. Чунин як шахс, ки зинагиномааш мавриди таваҷуҳи зиддунақз қарор дорад ва онро намунаи зиндагии хоксоронатарини як шахсияти барҷаста медонанд, на дар замони гузашта, балки баробар бо мо ҳаёт ба сар мебарад.

Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ президенти Эронро ҳам дар замони роҳбари як давлати бузург буданаш (Ҷумҳурии Исломи Эрон қариб 70 миллион аҳолӣ дорад) ва ҳам пас аз маснад рафтанаш хоксортарин президент мегӯянд.

Ӯ, ки президенти шашуми Эрон аз 3 августи соли 2005 то 3 августи 2013 буд, то ҳол дар қатори оддитарин сокини ин кишвари зиндагӣ дорад.Аҳмадинажод вақте ,ки бори аввал вориди қасри роҳабари давлат шуд, тамоми он ороишу ашёи қимматбаҳоро аз дафтари кориаш берун кард.

Қолинҳои бузурги эрониро ба масҷидҳо туҳфа намуд ва барои худ як фазои кории фақирона таҳия кард.Таври маълум, Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин солҳо низ тарзи зиндагии одии худро риоя намудааст. Мегуянд,ки ӯ ба кор бо нақлиёти ҷамъиятӣ мерафт.

Аммо пас аз тарки мансаб Маҳмуд пурра ба ҳолати зиндагие,ки то замони президентиаш дошт, баргашт. Ӯ аз баччагӣ чаронидани гусфандонро дуст медошт ва ҳоло низ дар вақтҳои аз кори асосиаш фориғ чӯпонӣ мекунад. Собиқ президент ба ҷои кори худ ,донишгоҳ,ки аз он ҷо ҳамагӣ 300 доллар маош мегирад, то ҳол пиёда ва ё савори нақлиёти ҷамъиятӣ бо мардуми оди якҷо меравад.

Ӯ бе ҳеҷ худнамоӣ ба касе хоҳад, соядаст медиҳад ва ба онҳое,ки ба кумакаш ниёз доранд, ёрӣ мерасонад.Дар давраи роҳбарии худ ҳеҷ сарвате ҳам ҷамъ наовардааст ва дар хоначае,ки чил сол пеш аз падараш мерос монда буд, зиндагӣ дорад. Ҳамсараш бошад, дар як мактаб чун фаррош кор мекунад.Як мошини “Пежо”-и соли бароришаш 1977 дошт, ки онро ҳам ба наздикӣ фурӯхтааст. Вақте шахсе ки ин мошинро хариданӣ мешавад, мефаҳмад,ки соҳиби он кист, нархи мошини ҳазордоллара якбора ба миллион мехезад.

Чунин тарзи зиндагии собиқ президент бисёриҳоро ба ҳайрат меорад ва онҳо тарзи зиндагии ӯро ба ҳаётгузаронии роҳбарои Инқилоби Октябри Иттиҳоди Шӯравӣ (Ленин, Сталин, Дзержинский ва роҳбарони дигари ин кишвар) монанд мекунанд. Аҳмадинажод то ҳол дар байни мардуми Эрон маҳбубияти хосса дорад ва муносибатҳои байни Тоҷикистону Эрон низ маҳз дар давраи роҳбарии ӯ ба пояи баланди худ расида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *