Маҳсулоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ

Соли равон Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистсон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд 18 намоишгоҳи байналмилалӣ, 4 намоишгоҳи дохилӣ ва 14 намоишгоҳи берун аз мамлакат баргузор намуд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Палатаи савдо ва саноати  Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода хабар дод. 

Аз ҷумла, молу маҳсулоти мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом «Продэкспо-2023» дар Русия, Намоишгоҳи 15-уми «ELECRAMA-2023» дар Ҳиндустон, Намоишгоҳи 9-уми байналмилалии сангҳои ороишӣ, таҷҳизоти сангбурӣ ва мошинҳои марбути ин соҳа «FARS STONEX-2023» дар Эрон, Намоишгоҳи муҳандисӣ ва тандурустӣ дар Покистон, Намоишгоҳи «EXPO IRAN 2023», Намоишгоҳи 24-уми байналмилалии сохтмонии Ӯзбекистон UzBuild 2023, Намоишгоҳи байналмилалии хоҷагии қишлоқ «Agro World Uzbekistan 2023», Намоишгоҳи 22-юми байналмилалии озуқа ва технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ «UzFood 2023», Намоишгоҳи байналмилалии «Тандурустӣ — TIHE 2023» дар Ӯзбекистон, Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистон дар Лондон, Намоишгоҳи сармоягузорӣ ва тиҷоратии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул дар Ҷумҳурии Туркия ITMA 2023, намоишгоҳи бузургтарини сорсинг дар шаҳри Милани Италия муаррифӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *