Маҳви як гурӯҳи калони қочоқчиён дар Қазоқистон
Кормандони КДАМ-и Қазоқистон як шабакаи калони қочоқи маводи мухаддирро маҳв гардониданд.
Ба нерӯҳои амниятӣ муяссар шуд, ки интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддирро ба кишвар аз тариқи баҳр муайян кунанд.
Қочоқбарони хориҷӣ ният доштанд, ки 30 килограмм афюн ва 10 бастаи моддаи психотропии метадонро вориди Қазоқистон кунанд.
«Кормандони оперативӣ масир ва усулҳои интиқоли маводи мухаддирро тавассути баҳри Хазар ба таври муфассал муайян карданд. Бояд гуфт, ки аъзои гурӯҳи маводи мухаддир бо киштиҳои хурди баландсуръати навигатсия ва GPS-дор муҷаҳҳаз шуда буданд, ки ин боиси мушкили ошкоркунии онҳо гаштааст”, — изҳор доштанд дар кумита.
«Боздошт бо роҳи бастани минтақаи соҳилӣ бо қаиқҳои хадамоти сарҳадии КДАМ сурат гирифтааст. Назорати мазкур бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом дода шуд”, — гуфтанд дар вазорат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ