Маҷаллаи нав барои омӯзгорони пойтахт

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои омӯзгорон маҷаллаи «Маориф: таҳлил ва иттилоот»-ро таъсис дод. Мақсад аз таъсиси чунин маҷалла нашри мақолаҳои таълимӣ, методӣ, таҳлилӣ, илмӣ, оммавӣ, баррасии мушкилоти соҳа ва ёрии методӣ мебошад.

Омӯзгорон метавонанд аз ин минбар таҷрибаи худро паҳн сохта, доир ба дастовардҳои илмҳои педагогикаву психология, мактабшиносӣ, усулҳои муосир ва пурсамари тадриси фанҳои таълимӣ мақолаҳо нашр намоянд.

Инчунин, маҷалла ба рушди илмҳои педагогӣ, равоншиносӣ, инъикоси фаъолияти пурсамари аҳли маорифи пойтахт, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *