Маҳастии Хуҷандӣ – Тоҷикистон

Шаҳкунда намуд сарви симинтанро,

З-ин ориза заҷҷа хост марду занро.

Афсӯс, ки дар кунда бихоҳад судан,

Пое, ки душоха буд сад гарданро.

***

Дӯшина шабам буд шабеҳи ялдо,

Он муниси ғамгусор номад амдо.

Шаб то ба саҳар зи дида дурр месуфтам,

Мегуфтам раб лотазарни фардо.

***

Ҳаммомиро бигӯ гарат ҳаст савоб,

Имшаб ту бихусбу туни гармоба матоб.

То ман ба саҳаргаҳон биёям ба шитоб,

Аз дил кунамаш оташу аз дида пур об.

***

Гар бод парер худи наргис бифарохт,

Ди диръи бунафша низ бар хок андохт.

Имрӯз кашид ханҷари савсан аз об,

Фардо сипар аз оташи кулл хоҳад сохт.

***

Оташ бивазиду ҷомаи шум бисўхт,

В-аз шумии шум нимаи Рим бисўхт.

Бар пой будам, ки шамъро биншонам,

Оташ зи сари шамъ ҳама мум бисўхт.

***

Бод омаду гул бар сари майхорон рехт,

Ёр омаду май дар қадаҳи ёрон рехт.

Он анбари тар равнақи атторон бурд,

В-он наргиси маст хуни ҳушёрон рехт.

***

Лола чу парер оташи шӯр ангехт,

Ди наргис оби шарм аз дида бирехт.

Имрӯз бунафша атр бо хок омехт,

Фардо саҳарӣ бод суман хоҳад бехт.

***

Чу дилбари ман ба назди фассод нишаст,

Фассоди сабукдаст сабук дасташ баст.

Чун тезии неш дар рагонаш пайваст,

Аз кони булӯр шохи Марҷон барҷаст.

***

Ҳар лаҳза ғаме ба мустаманде расадат,

Тире ба ҷафо ба дардмандат расадат.

Дар куштани ошиқон аз ин беш макўш,

Занҳор мабодо, ки газанде расадат.

***

Хат бин, ки фалак бар рухи дилхоҳ набишт,

Бар барги гулу бунафша ногоҳ набишт.

Хуршед хате ба бандагияш медод,

Коғаз магараш набуд бар моҳ набишт.

***

Бо ман лаби ту чу зулфи ту баста чарост?

Чашми хуши ту хасми мани хаста чарост?

Бар рўйи камонмисолат андар ҳақи ман,

Гар нест ҷафои чарх пайваста чарост?

مهستی خجندی – تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *